Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
пешрафти иқтисодиёт - дастгирии тавозуни пардохт, барномаҳои сармоягузорӣ ва кӯмакҳои техникӣ ҷудо намудани 185 млн. доллари ШМА пешбинӣ карда шуд.
Қариб ҳар сол намояндагони олимартабаи Бонки умумиҷаҳонӣ бо мақсади боз ҳам мустаҳкам намудани робитаҳои дуҷониба зуд-зуд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меоварданд. Моҳи марти соли 1997 роҳбари лоиҳаи кредити Бонки умумиҷаҳонӣ ҷаноби Муҳаммад Ризо Қосимӣ, ки яке аз назоратчиёни масъули истифодаи қарзи техникӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад, ба Душанбе омад. Ҳангоми сӯҳбат бо раиси Бонки миллии Тоҷикистон М.Алимардонов Қосимӣ ба рафти иҷрои ин қарз ҳамаҷониба шиносӣ пайдо намуда, оид ба ҳамкориҳои минбаъда ва нақшаҳои кӯмакии Бонки умумиҷаҳонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сӯҳбати самимиӣ оростанд. Ҳамсафарони ҷаноби Қосимӣ мутахассисони ин бонк оид ба соҳаи кишоварзӣ, - Сам Пас ва оид ба масъалаҳои хусусигардонӣ - Саид Махмуд, ки дар сӯҳбат ширкат доштанд, ба вазъи кор дар ин соҳа ва имкониятҳои молиявии ҷумҳурӣ барои рушду тараққиёти ин бахши хоҷагии халқ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд.
Дар баробари ин татбиқ намудани нақшаҳои зерин зарур буд:
• доир намудани бозсозии сохтории соҳаи молия;
• таҷдиди сохтори бахши кишоварзӣ;
• татбиқи барномаи хусусигардонӣ.
Ислоҳоти бахши молия бошад, пеш аз ҳама таҷдиди сохтори бонкиро дар назар дошт, ки татбиқи он тадбирҳои зеринро талаб менамояд:
• такмили заминаи қонунгузории фаъолияти бонкӣ;
• беҳтар намудани заминаи танзими системаи назорати бонкӣ;
• анҷом додани таҷдиди панҷ бонки калонтарини ҷумҳурӣ;
• татбиқи системаи байналмилалии ҳисоби ҳисобдорӣ.
Бояд таъкид намуд, ки иҷрои вазифаҳои зикргардида масъулияти баланд ва таҷрибаи кофиро талаб менамуд. Бонки умумиҷаҳонӣ барои татбиқи ислоҳот моҳи январи соли 1997 мутахассисони ширкати байналмилалии машваратии Артур

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор