Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Андерсонро барои расонидани кӯмак ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристод.
Ташкилоти байналмилалӣ пас аз бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонидани Созишнома оид ба расонидани хизматҳои машваратӣ фаъолияти худро аз Бонки миллии Тоҷикистон шурӯъ намуд. Дар баробари ин оид ба омӯзиш ва баррасии қонунҳо ҷиҳати ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ" семинарҳо доир гардиданд. Меъёрҳои ин қонун ба қонунҳои шабеҳи байналмилалӣ мутобиқ гардонида шудаанд.
Дар соҳаи ҳисоббаробаркунии ҳисобдорӣ коршиносони ширкат нақшаи нави ҳисобҳоро барои Бонки миллии Тоҷикистон ва бонкҳои тиҷоратии ҷумҳурӣ таҳия намуданд, ки ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалии ҳисоби ҳисобдорӣ мебошанд.
Барномаи нави таҷрибавии ҳисоби ҳисобдорӣ ҳамзамон дар се бонки Ҷумҳурии Тоҷикистон (Бонки миллии Тоҷикистон, Агроинвестбонк ва Тоҷиквнешэкономбонк) мавриди татбиқ қарор дода шуд ва дар мӯҳлати кӯтоҳ натиҷаи дилхоҳ дод.
Бо мақсади мутобиқ гардонидани фаъолияти панҷ бонки калонтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон бо меъёрҳои байналмилалӣ, мутахассисони Бонки умумиҷаҳонӣ ва ХБА аудити ҳисобҳои соли 1998-ро анҷом доданд.
Пас аз татбиқи системаи байналмилалии ҳисоби ҳисобдорӣ ҳисоботи тавозуни (баланси) воқеии вазъи молиявии бонкҳо таҳия карда шуд. Мувофиқи хулосаи мутахассисони хориҷӣ нақшаи нави татбиқи ҳисобҳо бинобар бартарияти худ дар тамоми бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд татбиқ кунонида шавад. Ба хулосае метавон омад, ки системаи бонкии Тоҷикистон барои ворид шудан ба системаи ҷаҳонии бонкӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст ва он рӯз дур нест, ки тамоми соҳаҳои иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба системаи нави ҳисобу ҳисобот хоҳанд гузашт. Дар натиҷаи ин амалҳо барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба ҷумҳурӣ шароит фароҳам мегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор