Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар баробари даровардани тағйиротуои куллӣ ба сохтори роҳбарикунандаи бонкҳо эътибори махсус ба тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси ҳисобу китоби муносибатҳои байналмилалӣ дода шуда буд. Худи ҳамон сол дар иҷлосияи панҷуми Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" аз нав қабул гардид. Аз ин пештар ҳам дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон қонуни алоҳида мавҷуд буд, вале он бо талаботи имрӯзаи ҷомеа мувофиқат намекард. Аз ин рӯ, зарурият ба миён омад, ки онро дар шакли нав вобаста ба тақозои замона мувофиқ ба меъёрҳои байналхалқӣ қабул гардад. Дар ин кор низ мутахассисони созмонҳои байналмилалии машваратӣ Артур Андерсон хизмати худро дареғ надошта, онро ҳаматарафа тайёр намуданд. Гап дар сари он буд, ки дар баробари Бонки умумиҷаҳонӣ созмонҳои зиёди байналхалқӣ, ба мисоли ХБА, Бонки европоии таҷдид ва рушд, Бонки исломии рушд, Бонки Осиёии Инкишоф ва ғайраҳо дар сурате ба Тоҷикистон ҳамкорӣ менамоянд, ки агар қонунҳои кишвар ба санадҳояшон мувофиқ бошанд. Дар асоси қонуни нав Бонки миллии Тоҷикистон соҳиби мустақилияти комил гашта, фаъолияти худро аз ин баъд дар асоси талаботи ҷаҳонӣ пеш мебурдагӣ шуд.

Моҳи апрели соли 1997 Бонки умумиҷаҳонӣ дар асоси "Лоиҳаи таҷрибавӣ оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ" ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 млн. доллари америкой ҷудо намуд.

Лоиҳаи номбурда аз ду самти асосӣ иборат буда, қисми зиёдтари он (7,5 млн. доллари ШМА) барои васеъ намудани барномаи амалкунандаи Ташкилоти ғайридавлатии байналмилалӣ, ки фаъолияти он барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани дараҷаи зиндагии табақаҳои камбизоати аҳолии Тоҷикистон равона карда шудааст, истифода бурда мешавад. Аз маблағи дар боло зикргардида 3,2 млн. доллари ШМА таҳти назари барномаи Созмони Федератсияи наҷоти кӯдакони ШМА барои барқароркунии зиёда аз ду ҳазор хонаҳо дар ноҳияҳои Бохтар, Вахш, Восеъ, Қабодиён ва Шаҳртузи Вилояти Хатлон, 1 млн. доллари

пешина
аз 785
навбатӣ