Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
ИМА таҳти назари Созмони Федератсияи наҷоти кӯдакони Британияи Кабир барои 3700 занон - сарварони оилаи ноҳияи Вахш, Айнӣ, Панҷакент, Душанбе ва Шаҳртуз равона карда шуд.
Қисми дигари он (7,4 млн. доллари ИМА ) барои инкишофи Фонди инвеститсионӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон (ТАСИФ), ки дар доираи он маблағҳои муайян (1,6 млн. доллари ИМА) барои омӯзиш ва кӯмакҳои техникии кормандони ТАСИФ вобаста ба таъмини хоҷагиҳои навбунёд, бастани созишномаҳо, ташкили тиҷорат, идоракунӣ, назорат ва баҳодиҳӣ ба лоиҳаҳо ва 2,6 млн. доллари ИМА барои дастгирии 70 лоиҳаи хурди таъмири роҳҳои маҳаллӣ, азнавбунёдкунии боғчаи бачагон, мактабҳо, нуқтаҳои нигоҳдории тандурустӣ ва таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ равона карда шудааст.
Хизматҳои Бонки умумиҷаҳониро вобаста ба эътидол овардани вазъи иқтисодии Тоҷикистон ба назар гирифта, дар рафти сафари навбатии худ 1 октябри соли 1997 Президенти Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов дар Вашингтон баъд аз мулоқотҳои судбахш бо роҳбарони баъзе созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва вазоратҳои ИМА аз идораи марказии Бонки умумиҷаҳонӣ боздид намуд. Сӯҳбат ва мулоқотҳои Президенти Тоҷикистон бо роҳбарияти Бонки умумиҷаҳонӣ хеле самимӣ ва манфиатбахш анҷом пазируфт. Бояд ёдовар шавем, ки Бонки умумиҷаҳонӣ дар истиқрори сулҳи пойдор дар сарзамини мо, нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ саҳми босазое дорад. Беҳуда набуд, ки дар ин вохӯрӣ ҳам аҳамияти сари вақт амалӣ сохтани барномаҳои расонидани кӯмакҳои иқтисодӣ ба ҷараёни истиқрори сулҳ ва ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.
3 октябри соли 1997 мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов бо иҷрокунандаи вазифаи Президенти Бонки умумиҷаҳонӣ Свен Сандстром хеле самикӣ ва дар рӯҳияи корӣ анҷом пазируфт. Дар ин мулоқот масъалаҳои ҳарчи зудтар ба Тоҷикистон додани маблағҳои пешбинишуда ва то ҳадди имкон зиёд кардани ҳаҷми онҳо бо мақсади кам кардани касри буҷет, тараққӣ додани соҳаи кишоварзӣ, таъмини гурӯҳҳои камбизоати аҳолӣ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор