Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

барқарор сохтани объектҳои харобгардида ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии гурезаҳои ба маҳалли муқимии зисташон баргашта мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар рафти ин мулоқот роҳбарони Бонки умумиҷаҳонӣ изҳор карданд, ки то охири сол барномаи додани қарзи дуюмро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои таъмини тавозуни пардохт ва расонидани кӯмакҳои иҷтимоӣ ба гурӯҳҳои камбизоати аҳолӣ пешбинӣ шудааст, ба маблағи то 10 млн. доллари ШМА тартиб дода, ба муҳокимаи Шӯрои директорони бонк пешниҳод намуданд. Роҳбарияти Бонки умумиҷаҳонӣ тасмим гирифт, ки то баҳори соли 1998 вобаста ба талаботи роҳбарияти олимақоми Тоҷикистон барномаи қарзи навбатиро омода созанд. Дар баробари ин роҳбарияти Бонки умумиҷаҳонӣ изҳор намуд, ки масъалаи ҷудо кардани маблағро барои баровардани хароҷоти ҳукумати Ҷумҳурӣ бо мақсади барқарор кардани биноҳои харобгардида дар маҳалли ҷангҳои гузашта ва муҳайё сохтани шароит барои иҷрои созишномаи умумии сулҳ баррасӣ менамоянд. Онҳо зикр карданд, ки ҳамроҳи ХБА дар ҳалли масъалаи ба Тоҷикистон расонидани кӯмакҳои фавқуллода, ба эътидол овардани вазъи буҷет, системаи андоз ва ғайра мусоидат хоҳанд кард.

Президенти Тоҷикистон Э.Раҳмонов бо мақсади вусъатбахшии муносибатҳои дуҷониба ва ҳаллу фасли масъалаҳои ҷорӣ ба Бонки умумиҷаҳонӣ пешниҳод намуд, ки дар Душанбе намояндагии бонки мазкур кушода шавад. Ин пешниҳод якдилона қабул гардид ва қарор шуд, ки он миёнаи соли 1998 ифтитоҳ гардад.

Дар рафти ин мулоқот намояндагони Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ низ иштирок доштанд. Онҳо изҳор намуданд, ки барои иҷрои барномаи истихроҷи тилло, тараққиёти хурди тиҷорати миёна бештар маблағ ҷудо карда, инчунин имкониятҳои ҳамкориро дар соҳаҳои гидроэнергетика, алоқа, бахши барномаҳои телевизион омӯхта, дар масъалаҳои сафарбар намудани маблағҳои хусусӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон ҷидду ҷаҳд хоҳанд кард.

пешина
аз 785
навбатӣ