Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Моҳи ноябри соли 1997 дар Вена конференсияи байналмилалии "Сулҳу созгорӣ дар Тоҷикистон" баргузор гардид. Ҳайати бонуфузи давлати моро дар ин конференсия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов сарварӣ намуд. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон М.Алимардонов низ ба ин ҳайат шомил буд.
Дар конференсия оид ба мустаҳкам гаштани сулҳ дар Тоҷикистон фикру ақидаҳои ҷолиб баён гаштанд. Бисёр кишвару созмонҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ пуштибонии хешро аз истиқрори сулҳи Тоҷикистон изҳор намуданд. Иштирокчиёни конференсияи байналмилалӣ ӯҳдадор шуданд, ки барои пойдории сулҳ ба кишвари мо ба маблағи 56,5 млн. доллари ШМА кӯмак расонанд.
Бонки умумиҷаҳонӣ мувофиқи "Лоиҳаи доир ба вазъи фавқуллодаи баъдиҷангӣ" 17 январи соли 1998 кредит ба маблағи 10 млн. доллари ШМА-ро (7,4 млн. СДР) барои дастгирии саъю кӯшиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳамгироии водии Қаротегин ва минтақаи Тавилдара, бароҳмонии иқтисодиёти ин ноҳияҳо тавассути барномаи таҷдиди кӯтоҳмуддати инфраструктураи табиӣ ва иҷтимоӣ, инчунин дастгирии фаврии рушди кишоварзӣ, тасдиқ намуд.
Мақсади асосии ин барнома аз дастгирии раванди барқарорсозии Тоҷикистон баъд аз низоъҳои миллӣ иборат буд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба татбиқи ин лоиҳа моҳи марти соли 1998 шурӯъ намуда, 31 январи соли 2001 онро комилан азхуд намуд. Мувофиқи барномаи тасдиқшуда:
1,2 млн. доллари ШМА барои дастгирии сектори хусусии соҳаи кишоварзӣ (барои харидани тухмӣ ва нуриҳои минералӣ),
5,4 млн. доллари ШМА барои таъмир ва азнавсозии 23 кӯпрукҳои вайронкардашуда ва бунёди роҳи 4-километра то ноҳияи Дарбанд,
2,8 млн. доллари ШМА барои таъмир, таҷдид ва азнавсозии мактабҳо, объектҳои соҳаи тандурустӣ ва дигар объектҳои харобгаштаи минтақаи Қаротегин-Тавилдара,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор