Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
1,9 млн. доллари ШМА барои таъмир ва барқарорсозии соҳаҳои инфраструктурие, ки дар ҳодисаҳои солҳои охир хароб гашта буданд, равона карда шуданд.
Дар ин бахш Ҳукумати Швейтсария низ 770 ҳазор франки швейтсарӣ (512 ҳазор доллари ШМА) ҷудо намуда буд, ки бо истифодаи он 2 кӯпруки вайроншуда аз нав барқарор шуданд. Ҳамин тариқ, дар асоси барномаи зикргардида дар тӯли се соли охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 35 кӯпрук, 106 муассисаи таълимӣ, 40 муассисаи соҳаи тандурустӣ, 25 иншооти ҷамъиятӣ, каналҳои обёрӣ, ки 15,7 ҳазор гектарро обшор менамоянд, 7 стансияҳои насосӣ ва объектҳои гуногуни энергетикӣ таҷдид ва аз нав сохта шуданд.
Мувофиқи ваъда 20 майи соли 1998 Бонки умумиҷаҳонӣ таҳти сарварии ноиб - президенти минтақавии Европа ва Осиёи Марказӣ Иоханнес Линн дар Париж вохӯрии дуюми гурӯҳи машваратиро оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронд. Дар вохӯрии намояндагон аз ҳукуматҳои Франция, Германия, Юнон, Эрон, Нидерландия, Покистон, Федератсияи Россия, Арабистони Саудӣ, Швейтсария ва намояндагони Бонки Осиёии Инкишоф, Бонки Европоии Таҷдид ва Рушд, Иттиҳоди Европа, Федератсияи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ, ХБА, Бонки исломии рушд, Фонди кувайтии рушди иқтисодии арабӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва инкишоф, Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Европа, СММ ва Бонки умумиҷаҳонӣ иштирок варзиданд. Дар ин вохӯрӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов сарварӣ намуд.
Ҷаноби Иоханнес Линн қайд намуд, ки Бонки умумиҷаҳонӣ барои таъмини пешрафти иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 280 млн. доллари ШМА-ро барои солҳои 1998-1999 пешбинӣ намудааст. Бо назардошти чунин нақшаҳо ӯ тамоми сармоядорони хориҷиро даъват намуд, ки фаъолияти худро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назари Бонки умумиҷаҳонӣ боз ҳам беҳтар намоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор