Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Президент дар хусуси раванди сулҳ сухан гуфта, изҳори умедворӣ намуд, ки Ҳукумат ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик ҷонибдори барқарории сулҳ ҳамчун омили асосии оштии миллӣ ва эҳёи кишвар мебошад. Э.Ш.Раҳмонов ҳамчунин таъкид намуд, ки ҷиҳати таҳкими амнияти созмонҳои байналмилалӣ дар Душанбе тадбирҳои мушаххас андешида шуданд ва илова намуд, ки ба шахсон ва гурӯҳҳое, ки ҷонибдори сулҳ дар кишвари мо намебошанд, дар байни мо ҷой нест.
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Наҷмиддинов С.М. низ дар суханронии худ оид ба ҷузъиёти асосии Барномаи ҳукуматии кӯмаки техникӣ маълумоти умумӣ дод. Ӯ аз ҷумла таъкид намуд, ки ин барнома солҳои 1998-2000 дар маҷмӯъ 22 лоиҳаро бо арзиши умумии қариб 17 млн. доллари ШМА дар бар мегирад. Зарурати маблағгузории хориҷии барнома қариб 90%-и арзиши умумиро ташкил медиҳад. Барномаи пешниҳодшавандаи кӯмаки техникӣ пурра ба касри банақшагирифташудаи буҷет, ки бо ХБА мувофиқ гардидааст, мутобиқат мекунад.
Намояндаи ХБА дар маърӯзаи худ зикр намуд, ки "пешрафти Тоҷикистон дар устуворгардии макроиқтисодӣ дар доираи барномаи баъд аз низоъ нисбат ба пешравии дар ибтидо банақшагирифташуда хеле зиёдтар буд" ва сатҳи беқурбшавии моҳонаи пул ба ҳисоби миёна дар тӯли чор моҳи соли 1998 як фоизро ташкил дод. Ӯ ҳамчунин таъкид намуд, ки дар музокирот дар бобати ба таъхир гузоштани мӯҳлати пардохти қарзи хориҷӣ пешравии назаррас ба даст омад ва муваффақиятҳо дар соҳаи дигаргунсозиҳои сохторӣ қаноатбахш буданд. Ҳамчунин қайд карда шуд, ки афзоиши воқеии солонаи ММД Тоҷикистон ба ҳисоби миёна дар тӯли солҳои 1998-2000 4-5% ба нақша гирифта шудааст. Бахши охирини мулоқоти гурӯҳи машваратӣ ба баррасии дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби донорҳо бахшида шуда буд. Дар ҷараёни ин бахш ширкаткунандагон ӯҳдадории эҳтимолиро ба маблағи умумии 280 млн. доллари ШМА дар тӯли солҳои 1998 ва 1999 таъкид намуданд.
Ин маблағ дастгириро дар бахши кӯмак барои лоиҳаҳо ва дастгирии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор