Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратТаҳсилот
Аз аввал хондан

тавозуни пардохт, аз ҷумла, пардохтҳои чашмдоштро дар доираи Созишномаи оид ба механизми васеи бозсозии сохторӣ бо ХБА ва кредити доир ба ислоҳоти сохтории Бонки умумиҷаҳонӣ, инчунин пешниҳод оид ба расонидани кӯмаки техникӣ барои дастгирии татбиқи барнома дар бар мегирад.

Ширкаткунандагони гурӯҳи машваратӣ омодагии худро ҷиҳати ба Тоҷикистон пешниҳод намудани 515 млн. доллари ШМА дар солҳои 1998-2000 изҳор намуданд, ки аз ин маблағ 340 млн.
доллари ШМА дар соли 1998-1999 ба нақша гирифта шуда буд. Ин маблағ асосан барои дастгирии лоиҳаҳои Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ пешбинӣ гардидааст.

Баъд аз гузаронидани машварати дуюми машваратӣ Бонки умумиҷаҳонӣ моҳи июни соли 1998 Стратегияи дуюми расонидани кӯмакҳои худро барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он солҳои 1999- 2001-ро дар бар мегирад, тасдиқ намуд. Маблағҳои ин Стратегия, пеш аз ҳама, барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, барқарорсозии вазъи баъдиҷангӣ, ислоҳоти иқтисодӣ ва дигаргунсозиҳои институсионалӣ нигаронида шудаанд.

Такмили самтҳои дар боло зикргардида, пеш аз ҳама, бо мақсади таъмини амният ва пешравие, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар рафти татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ба даст овардааст, равона карда шуда буд. Стратегияи давраи дуюм дар рафти татбиқи худ масъалаҳои зеринро бояд дар бар гирад:
• дар натиҷаи таҷдиди хоҷагӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба инфраструктураи деҳот, ки дар оянда ҳосилнокии меҳнатро баланд ва шароити некӯаҳволии мардуми деҳотро беҳтар месозад, пешрафти истеҳсолоти соҳаи кишоварзиро таъмин намудан;
• бо роҳи ба сектори хусусӣ додани корхонаҳои давлатӣ кам кардани хароҷоти давлат;
• муҳайё намудани шароити васеъ барои истифодаи хизматрасонии иҷтимоӣ;
• расонидани кӯмакҳои зарурӣ ба гурӯҳи камбизоати аҳолӣ;

пешина
аз 785
навбатӣ