Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
давлатҳои ИДМ Ҷумҳурии Қирғизистон пешсафиро ба даст гирифта,
дар баробари аъзо шудан ба созмонҳои молиявии ҷаҳон, аввалин
шуда, соли 1998 ба аъзогии комилҳуқуқи Ташкилоти умумиҷаҳонии
савдо (ТУС-ВТО) қабул гашт;
• то охири соли 1998 Шӯрои директорони БЕТР 629 лоиҳаро
дар ҳаҷми 14,5 млрд. евро тасдиқ намуд;
• бо сармоягузории 10,2 млрд. евро, ки арзиши умумии танҳо
551 лоиҳаро ташкил менамуд, БЕТР ба бонки калонтарини
сармоягузории ҷаҳон табдил ёфт;
• дар асоси лоиҳаҳои баимзорасида 41%-и маблағ ба давлатҳои ислоҳоти иқтисодиро пурра анҷомдода (Венгрия, Латвия, Литва, Полша, Ҷумҳурии Словакия, Словения, Хорватия, Ҷумҳурии Чехия, Эстония), 35%-и ин маблағ ба давлатҳои ислоҳоти иқтисодӣ дар онҳо нав қувватгирифта (Озарбойҷон, Албания, Арманистон, Белоруссия, Булгория, Босния ва Гертсоговина, Македония, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдавия, Руминия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Украина) ва 24%-и маблағ ба Федератсияи Россия дода шудааст.
• ҳаҷми маблағи ҷудошуда аз лаҳзаи бунёди Бонк то январи
соли 2000 дар ҳаҷми 6,9 млрд. евро азхуд карда шудааст;
• БЕТР дар ин муддати фаъолияти худ бо 5 созмони
байналмилалии молиявӣ ва 24 ташкилотҳои расмии
ҳаммаблағгузорандаи молиявӣ ва 58 бонки тиҷоратӣ робита
барқарор намуд;
• дар даҳсолаи охири асри ХХ БЕТР сармояи оинномавии худро аз ҳисоби сармояи озоди созмонҳои байналмилалӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ дар ҳаҷми 30,9 млрд. евро зиёд намуд.
Тавассути сармоягузории худ БЕТР ба инкишофи бахши хусусӣ, таҳкими муассисаҳои молиявӣ ва системаҳои ҳуқуқӣ, инчунин рушди зерсохтори (инфраструктураи) барои дастгирии бахши хусусӣ зарурбуда кӯмак мерасонад. Дар тамоми фаъолияти худ Бонк принсипҳои солими бонкӣ ва сармоягузориро истифода менамояд.
Нақши катализатори ислоҳотро иҷро намуда, бонк
ҳамаблағгузорӣ ва сармоягузории мустақими хориҷиро аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор