Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
буд. Давлатҳои ба чунин нишондиҳанда ва ё аз он зиёдтар ноилшуда ҳатман ба гурӯҳи давлатҳои ДДБС дохил карда мешаванд. Ин нишондиҳанда соли 1998 дар Япония 38850, Германия 27600, Франция 25000 доллари амрикоиро ташкил намуд, ки дараҷаи баланди зиндагии аҳолии ин давлатҳоро таҷассум менамояд. Ҳаҷми нишондиҳандаи ММД, аз он ҷумла ба ҳар сари аҳолӣ дар ҷаҳон аз тарафи сохторҳои махсуси СММ бо назардошти қурби ҷории табдили пули миллии кулли давлатҳои ҷаҳон муайян карда мешавад.
Ҳамин тариқ, мову шумо бояд ба саволи нишондиҳандаи ММД чист ва ин мафҳум чиҳоро дар бар мегирад, ҷавоб ёбем.
Барои ба ин савол ҷавоб додан мо бояд ёдовар шавем, ки ҳар як давлат барои таъмини пешрафти истеҳсолот пеш аз ҳама бояд ба иқтидори иқтисодии дохилии худ (захираҳои табиӣ, дараҷаи бадастовардаи тараққиёти соҳаҳои асосии истеҳсолот ва инфрасохтори он, иқтидори илмию техникӣ, захираҳои меҳнатӣ ва ғайра) такя намояд. Аммо дар баробари иқтидори иқтисодӣ дар тӯли зиёда аз ним аср маълум гардид, ки ба нишондиҳандаи ММД боз хусусиятҳои хоси сохтори иқтисодӣ, пурмаҳсулии фаъолияти соҳаҳои алоҳида, дараҷаи бевоситаи иштирок дар протсессҳои ҳамгироии ҷаҳонӣ низ таъсири худро мерасонад.
Ҳамин тариқ, таҳти мафҳуми ММД арзиши мол ва хизматрасоние, ки дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат истеҳсол шуда, дар ояндаи наздик барои истеъмол, захиракунӣ ва содирот истифода мегардад, фаҳмида мешавад.
Барои тавзеҳоти ҳарчи бештар ҷадвали рейтинги (дараҷабандии) давлатҳои ҷаҳонро аз рӯи ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва ин нишондиҳандаро ба ҳар сари аҳолии ин давлатҳо дар ҷадвали №5 пешниҳод намудем.
Тоҷикистон дар ин ҷадвал, мутаассифона яке аз ҷойҳои охиринро ишғол менамояд. Агар аз рӯи нишондиҳандаи ҳаҷми ММД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни давлатҳои ҷаҳон ҷои 153-ро ишғол намуда бошад, пас аз рӯи ин нишондиҳанда ба сари ҳар як аҳолӣ дар ҷои 181-ум меистад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё