Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Танҳо дар корхонаи алюминийи тоҷик якбора ҳаҷми истеҳсоли алюминий 38 ҳазор тонна ва истеҳсоли маҳсулоти Комбити маъдантозакунии Анзоб 30% кам шуд. Ба вазъияти аз ин ҳам вазнин корхонаҳои иттиҳодияи "Тоҷикхимпром" дучор гардиданд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот 3 маротиба кам шуд. Тадқиқотҳои фаъолияти корхонаҳои саноатӣ нишон доданд, ки сабаби асосии чунин пастравии ҳаҷми истеҳсолот пеш аз ҳама, дар нарасидани сармояи гардон, нарасидани ашёи хом ва маводи аввала, қатъ гардидани қувваи барқ ва душвориҳо дар фурӯши мол бинобар сифати начандон баланди он буд.
Дар баробари ин ба пешрафти босуръати саноати Тоҷикистон мавқеи ҷойгиршавӣ ва дурии роҳҳои нақлиётӣ аз марказ таъсири манфии худро гузошт. Марказ бо вуҷуди доштани иттилооти пурра дар бораи захираҳои табиӣ, бо мақсади баланд набардоштани арзиши аслии ашёи хом асосан маводи аввалаи конҳои азими кӯҳҳои Урал ва сарзамини Россияро истифода мебурд. Мувофиқи пешниҳодоти олимони рус боигариҳои сарзамини тоҷик ҳамчун захира барои насли оянда нигоҳ дошта мешуд. Аз ин нуқтаи назар барои бунёди сохтмони роҳҳои оҳан, автомобилгард, ба истифода додани конҳо эътибори кофӣ дода намешуд.
Аз солҳои 1992-93 сар карда, ба ҷои пешрафт дар мамлакат протсесси деиндустриализатсияи иқтисодиёти миллӣ авҷ гирифт.
Агар соли 1991 ҳиссаи саноат дар ҳаҷми умумии даромади миллии давлат 30,6%-ро ташкил намуда бошад, пас соли 1996 ҳиссаи он дар ММД ҳамагӣ 20,5%, соли 1997 - 19,7%, соли 1998 - 18,1%, 1999 - 19,1% ва соли 2000 20,5%-ро ташкил намуд.
Мувофиқи ҳисоботи солонаи комиссияи СММ оид ба тараққиёти истеҳсолот ЮНИДО ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ дар ҷаҳон соли 2000 нисбат ба соли 1999 ҳамагӣ 3,2% афзудааст.
Нисбатан суст шудани суръати афзоиши истеҳсолоти саноатӣ пеш аз ҳама, ба вусъатгирии бӯҳрони иқтисодии давлатҳои нави саноатии ҷаҳон ва сустшавии пешрафти иқтисодии давлатҳои тараққинамудаи саноатӣ вобаста буд. Бо вуҷуди ин панҷсолаи охири асри XX афзоиши мӯътадили истеҳсолоти саноатӣ, ки сатҳи он ба ҳисоби

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор