Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

пешбинишуда барзиёд иҷро шуда бошанд, ҳаҷми 7 номгӯи молҳои дигар аз сатҳи дар соли 1999 бадастомада хеле зиёд буд. Дар соли 2000 бештар афзоиши ҳаҷми истеҳсоли нахи пахта, либосҳои болопӯши кешбофӣ, чӯроб, маҳсулоти дӯхта, маҳсулоти тиббӣ ва пойафзол таъмин карда шуд.

§17.3. Комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъмини пешрафти соҳаи кишоварзӣ - комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Аз фаъолияти пурсамари ин соҳа таъмини аҳолӣ бо маводи хӯрока ва соҳаҳои гуногуни истеҳсолот бо ашёи хом вобастагӣ дорад. Мувофиқи тадқиқотҳои намояндагии Барномаи тараққиёти СММ дар Тоҷикистон аз маҳсулоти кишоварзӣ 80%-и инкишофи соҳаи саноату истеҳсолот, аз ҷумла саноати коркарди пахта, саноати бофандагӣ вобастагӣ дорад.

Роҳбарияти ҷумҳурӣ хуб дарк мекунад, ки аз мӯътадилшавӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногуни кишоварзӣ метавонад мамлакатро дар мӯҳлатҳои кӯтоҳ аз вазъияти душвори иқтисодию иҷтимоӣ раҳо намояд. Ин буд, ки бо вусъатгирии соҳаи кишоварзӣ ва афзоиши маҳсулоти гуногуни он баъд аз бӯҳрони иқтисодии солҳои 1992-97 дар иқтисодиёти миллӣ пешравӣ ба назар мерасад.

Чунин амал такрор ба такрор дар таҷрибаи ҷаҳони имрӯза борҳо тасдиқи худро ёфтааст. Масалан, дар охири асри XX таъмини дараҷаи баланди тараққиёти иқтисодии якчанд давлатҳои ҷаҳон, ба мисли Кореяи Ҷанубӣ, Япония ва ғайра маҳз аз бароҳмонии пешрафти соҳаи кишоварзӣ оғоз гардидааст.

Мувофиқи маълумотҳои омории 20 соли охир дар ҷаҳон соҳаи кишоварзӣ мунтазам тараққӣ ёфта истодааст. Истеҳсолкунандагони асосии маҳсулоти саноатӣ то имрӯз давлатҳои аз ҷиҳати саноатӣ тараққикардаи ҷаҳон, пеш аз ҳама ШМА ва давлатҳои Европаи Ғарбӣ ба шумор мераванд. Онҳо дар баробари пурра таъмин

пешина
аз 785
навбатӣ