Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратТаҳсилот
Аз аввал хондан

Бо назардошти мушкилоти молиявӣ баъд аз хотима ёфтани ҷанги гражданӣ ва набудани маблағ барои харидани таҷҳизоти нав ва навсозии хатҳои телефонӣ, роҳбарияти Вазорати алоқа барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба омода сохтани лоиҳаҳо шурӯъ намуд. Соли 1995 Вазорати алоқаи Тоҷикистон якҷоя бо мутахассисони БЕТР лоиҳаи бунёди шабакаи умумимиллии алоқаи рақамиро ба охир расонданд. Соли 1996 бо дастгирии молиявии БЕТР консорсиуми консалтингии байналмилалии ASTEС, ки ба ҳайати он ширкатҳои телекоми Исландия, Финляндия, Дания ва Португалия дохил мешаванд, тадқиқи дақиқи аз ҷиҳати молиявӣ иҷрошавии лоиҳаи азнавсозии системаи телекоммуникатсияи Тоҷикистон гузаронида шуд.

Тадқиқот нишон дод, ки ин нақша дар натиҷаи бунёди корхонаи муштарак бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва тақсим намудани саҳмияҳо бо таносуби 51 ба 49 имконпазир аст.

Татбиқи ин нақша дар тӯли 5 сол маблағгузории хориҷиро дар ҳаҷми 63-85 млн. доллари ШМА пешбинӣ намуд.

Соли 1999 бо мақсади пахши барномаҳои телевизионӣ маркази қабулу пахши радифӣ барои ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Понгоз, ноҳияи Ишкошим, деҳаҳои Язгулому Сагирдашти ноҳияи Дарвоз, деҳаи Техарв (ВМКБ) ба истифода дода шуд.

пешина
аз 785
навбатӣ