Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Бо кӯмаки ширкати "Сименс"-и Германия таҷҳизоти стансияи телефонии рақами 31 ҷиҳозонида шуда, дар заминаи он Маркази байналмилалии коммуникатсионӣ бунёд карда шуд, ки бо истифода аз он аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври автоматӣ бо абонентҳои тамоми давлатҳои хориҷии наздик ва дур алоқа карда метавонанд.

Дар асоси созишномаи байни ширкати радифии "Иридиум" ба Тоҷикистон 8 нуқтаи телефон фурӯхтааст, ки бо истифода аз онҳо ба тамоми гӯшаю канори дунё алоқа кардан мумкин аст.

Солҳои охир роҳбарияти Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёдеро оид ба татбиқи алоқаи маҳаллии инфиродии радифии сайёри "ДАМА" барои тараққиёти алоқа дар деҳот ва ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон ба нақша гирифтааст.

Ҳамаи тадбирҳои дар боло зикргардида боиси рӯз аз рӯз беҳтар гардидани хизматрасонии алоқа ва афзоиши даромаднокии кулли соҳа гардид. Корхонаҳои соҳаи алоқа соли 2000 аз фаъолияти истеҳсолии худ 16,9 млн. сомонӣ даромад гирифтанд. Танҳо аз хизматрасонӣ ба аҳолӣ 3,7 млн. сомонӣ даромад ба даст омад.

Суръати афзоиши даромаднокӣ мувофиқан 114,3% ва 110,2% афзуд. Ҳаҷми даромаднокии гуфтугӯи телефонӣ бо давлатҳои хориҷи дуру наздик 48,8%-ро ташкил дод.

§17.6. Робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар тӯли 10 соли истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамаи давлатҳои аъзои ИДМ ва аксарияти давлатҳои Иттиҳоди Аврупо, ШМА, давлатҳои Осиё, Шарқи Наздик ва Миёна, давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Шарқӣ, Хитой, Ҳиндустон робитаҳои бевоситаи иқтисодӣ барқарор намудааст. Таҷрибаи даҳсолаи охир бевосита нишон дод, ки ягон давлати ҷаҳон бе иштироки мустақилона дар протсесси ҳамгироии ҷаҳон, бе ҳамкории бевоситаи иқтисодӣ бо давлатҳои дигари ҷаҳон пешрафти иқтисодии мамлакатро таъмин карда наметавонад. Ба мо аён гашт, ки ба сатҳи иштирок дар протсессҳои ҳамгироии дар ҷаҳон ҷараёндошта бевосита ба сатҳи

пешина
аз 785
навбатӣ