Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хонданВобаста ба дараҷаи рушди иқтисодӣ давлатҳои рӯ ба инкишоф ба се гурӯҳ тақсим карда мешаванд.
- Давлатҳои дараҷаи миёнаи тараққиёти иқтисодӣ бадастоварда. Давлатҳои ба ин гурӯҳ дохилшаванда бо истеҳсоли номгӯи молҳои беҳад зиёди истеъмолӣ ва саноатӣ дар байни давлатҳои рӯ ба инкишоф мавқеи хосаеро ишғол менамоянд. Дар соҳаҳои саноат аксарияти ин гурӯҳи давлатҳо аз асбобҳои қадимаи рӯзгор сар карда, то таҷҳизоти нави замонавии электронии ҷавобгӯи меъёри байналмилалӣ ва яроқу аслиҳаи ҳозиразамони навтарин истеҳсол карда мешавад. Иқтисодиёти баъзе давлатҳои ин гурӯҳ, ба монанди Аргентина, Бразилия, Мексика ва Чили чунон бо суръати тез тараққӣ карда истодааст, ки мислашро ҳатто давлатҳои ДДБС надида буданд. Бо назардошти афзоиши дараҷаи баланди солонаи ММД СММ ин давлатҳои номбурдаро ҳатто ба гурӯҳи ДНС дохил намудааст. Меъёри ММД ба ҳар сари аҳолӣ барои ин гурӯҳ давлатҳо дар ҳаҷми 1000 доллари ШМА ва дар деҳот бошад, 500 доллари ШМА муайян шудааст. Дар кулли давлатҳои дараҷаи миёнаи тараққиёти иқтисодӣ бадастоварда сатҳи начандон баланди соҳаи кишоварзӣ мушоҳида карда мешавад. Зиёда аз 70%-и ратсиони (вояи хӯроки) ҳаррӯзаи озуқавории аҳолии ин давлатҳо аз ғизои растанӣ иборат аст, ки қисми зиёди онро ғалла ташкил менамояд. Вазъи давлатҳои рӯ ба инкишофро бештар қарзҳои солҳои пеш гирифтаашон сол аз сол душвор намуда истодааст. Ба ҳисоби миёна ҳар сол зиёда аз 40%-и маблағи аз содироти молҳо бадастомада, барои баргардонидани қарзҳо равона карда мешавад. Дараҷаи пасти истифодаи таҷҳизоти электронӣ ва дараҷаи миёнаи истифодаи мошинҳои сабукрав мушоҳида карда мешавад. Меъёри муайянкунандаи қувваи истеҳсоли барқ дар ҳаҷми 1000 кВт/соат дар як сол муайян карда шудааст.
Бинобар ба меъёрҳои ДДБС ҷавобгӯ будани нишондиҳандаҳои як қатор давлатҳои дараҷаи миёнаи тараққиёти иқтисодӣ бадастовардаи Америкаи Лотинӣ - Бразилия, Мексика; қитъаи Африка - Миср, Алҷазоир, Зимбабве; қитъаи Осиё - Ҳиндустон,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё