Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Малайзия, Таиланд, Кипр онҳо дар баъзе ҳолатҳо ба гурӯҳи ДДБС дохил карда мешаванд.

  1. Давлатҳои дорои сатҳи тараққиёти иқтисодии нокифоя. Ба ин гурӯҳ давлатҳо бештар давлатҳои калони сераҳолии ҷаҳон, ба мисли Покистон (ММД - 386 доллари ШМА), Индонезия (490), Нигерия, Колумбия, Эквадор, Сурия (370) дохил карда мешаванд.
    Дараҷаи пасти истеҳсоли қувваи барқ (500-700 кВт/соат) ба давлатҳои номбурда барои равнақу ривоҷи соҳаҳои бо қувваи барқ фаъолияткунанда (соҳаи металлургия, саноати химия, мошинсозӣ ва корхонаҳои алюминий) ва электрификатсияи роҳи оҳан шароит намедиҳад.

Таносуби шахсони қобили кори соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ қариб дар як сатҳ қарор дорад. Дар кулли иқтисодиёти ин давлатҳо авзалияти саноати истихроҷи маъдан, ашёи хом ва соҳаи кишоварзӣ мушоҳида карда мешавад. Дараҷаи бекорӣ то 30% шумораи аҳолии қобили кори ин давлатҳоро ташкил медиҳад. Дар ин давлатҳо ҳамагӣ аз 100 истиқоматкунанда як кас телефони радифӣ ва аз 1000 истиқоматкунанда як кас мошини сабукрав дорад. Меъёри дараҷаи муайянкунандаи иҷрои ӯҳдадорӣ ҳамагӣ 50 баллро ташкил медиҳад.
Қарзи ин гурӯҳ давлатҳо аз меъёрҳои муайяншудаи байналмилалӣ ду-се маротиба зиёд шуда, вазъи иқтисодии ин мамлакатҳоро сол аз сол хароб намуда истодааст.

  1. Гурӯҳи давлатҳои қашшоқ ва қашшоқтарин.

Ба сабаби аз ӯҳдаи баргардондани қарзҳои байнидавлатӣ набаромадани ин гурӯҳи давлатҳо, созмонҳои байналмилалии молиявии дунё аз қарз додан ба ин давлатҳо даст кашиданд. Асоси мавҷудияти ин давлатҳо имрӯзҳо танҳо захираҳои ночизи дохилӣ, ки дар хоҷагиҳои дорои дараҷаи пасти воситаҳои техникӣ истеҳсол карда мешаванд ва кӯмакҳои башардӯстонаи давлатҳои ДДБС мебошад. Меъёрҳое, ки барои ин гурӯҳ давлатҳо СММ муайян намудааст, хеле паст буда, аслан инҳоянд:

а) ММД ба ҳар сари аҳолӣ - камтар аз 150 доллари ШМА;

б) дараҷаи маълумотнокӣ камтар аз 20%;

пешина
аз 785
навбатӣ