Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

БОБИ IV. ҲАМГИРОИИ ИҚТИСОДӢ - ОМИЛИ АСОСИИ ТАРАҚҚИЁТИ ИҚТИСОДИЁТИ ҶАҲОН

§4.1. Сабабҳои асосии оғози ҳамгироии иқтисодии давлатҳои ҷаҳон ва шаклҳои зоҳиршавии он

Равандҳои ҳамгироӣ дар марҳилаи кунунӣ яке аз тамоюлҳои муҳимтарини муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ мебошанд.

Ҳамгироии ҷаҳонӣ дар фаҳмиши кунунии он наздикшавии мутақобилаи иқтисодиёти кишварҳои мухталифро бо роҳи инкишофи робитаҳои амиқи иқтисодӣ, муттаҳид сохтану ба ҳам омехтани сармояҳо ва мувофиқа кардани амалиёти ҳукуматҳо ва субъектони фаъолияти иқтисодии хориҷӣ (ФИХ) дар мавриди таҳия ва татбиқи сиёсати иқтисодӣ, муайян намудани соҳаю шаклҳои фаъолияти ҷавобгӯи манфиатҳои тамоми кишварҳои дар раванди ҳамгироӣ ширкаткунанда, дар назар дорад.

Аз ин нуктаи назар чунин бармеояд, ки ҳамгироии байналмилалӣ дараҷаи дар ҷараёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ ҷалб карда шудани кишварҳоро инъикос менамояд ва он дар ду сатҳ сурат мегирад: дар сатҳи давлат ва дар сатҳи субъектони алоҳидаи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ.

Дар сатҳи субъектони фаъолияти иқтисодии хориҷӣ субъектони алоҳида бо фаъолияти иқтисодии хориҷии худ, меҳнату сармояи доштаашонро муттаҳид сохта ба раванди ҳамгироӣ ҳамроҳ мешаванд. Чунин ҳамгироӣ ба ташаккули ширкатҳои байналмилалӣ ибтидо гузошт.

Дар сатҳи байнидавлатӣ равандҳои ҳамгироӣ бо фаъолияти мақсадноки давлат ё гурӯҳи кишварҳо бо мақсади инкишофи робитаҳои бисёртарафаи иқтисодии хориҷӣ, ба ҳам наздикшавӣ, вуруди мутақобилаи сармоя муайян карда мешаванд.

Бояд зикр кард, ки ҳамгироии минтақавӣ дар сатҳи субъектони фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва давлат раванди нави иқтисодӣ ба

пешина
аз 785
навбатӣ