Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

шумор рафта, амалӣ гаштани он дар иқтисодиёти ҷаҳон бештар ба солҳои 1957-1960 мувофиқ меояд.

То ин давра эҳтиёҷоти давлатҳо барои бунёди ҳамгироии минтақавӣ аслан вуҷуд надошт. Баъд аз хотима ёфтани Ҷанги дуюми ҷаҳон, ки дар он қисми зиёди давлатҳои ҷаҳон иштирок доштанд, аксар фикру зикри худро бештар барои барқарор намудани харобаҳои оқибатҳои ҷанг ва истеҳсолоти ватанӣ равона намуда буданд.

Дар баробари ин баъд аз ҷанг аз тарафи сохтори ивази асъори байналмилалии Бреттон Вуд дар асоси курсҳои доимоамалкунанда тартиби истифодабарӣ чунон дақиқ муайян шуда буд, ки баъд аз ин эҳтиёҷот ҳатто барои бунёди фазои асъории давлатҳое, ки майли муттаҳидшавӣ доштанд, лозим нашуда монд. Гап дар сари он буд, ки ШМА аз Ҷанги дуюми ҷаҳон заррае ҳам зарари иқтисодӣ надида буд, баръакс, иқтисодиёти он чунон авҷ гирифт, ки аз ҷиҳати истеҳсоли молҳои истеъмолӣ, таҷҳизот ва воситаҳои корӣ, бо он ягон давлати тараққикардаи ҷаҳон рақобат карда наметавонист.

Ин ҳолат оҳиста-оҳиста майдони истифодабарии долларро васеъ карда, барои давлатҳои тараққикарда шароити хуби захираи асъори хориҷиро дар шакли доллари амрикоӣ муҳайё намуд.

Дар баробари ин бо зиёд кардани сармоя дар шакли доллари ШМА нисбат ба зиёд шудани сармоя дар шакли тилло хароҷоти бисёреро талаб намекард ва нигоҳ доштани он дар бонкҳо фоизи зиёди даромадро меовард.

Илова бар ин истифодаи доллари ШМА ба дорандаи он дар шакли фоизи бонкӣ даромади иловагӣ меовард.

Дар давраи баъдиҷангӣ доллари амрикоӣ ҳамчун асъори ҷаҳонӣ қабул шуда буд ва он аз тилло ягон фарқе надошт. Бинобар аз нав бунёд кардани соҳаҳои нави истеҳсолот, ташкил намудани бозорҳои нави ҷаҳонӣ, равнақу ривоҷ ёфтани муносибатҳои тиҷоратӣ талаботи наве ба миён омаданд, ки онҳоро танҳо дар ҳамгироии иқтисодӣ ҳаллу фасл кардан мумкин буд.

Дар раванди таърихии ташаккули муносибатҳои иқтисодии хориҷии давлатҳои ҷаҳон ду зинаи ҳамгироӣ — ҳамгироии минтақавӣ ва ҳамгироии глобалиро (байналмилалӣ) фарқ кардан лозим аст.

пешина
аз 785
навбатӣ