Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ҳамгироии минтақавӣ - шакли ҳамгироии байналхалқие мебошад, ки дар он татбиқи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мувофиқи мақсад ба фароҳам овардани шароити маҳдуди истеҳсол ва савдои мол (кору хадамот) дар доираи минтақаи иқтисодии худудан наздик равона мегардад.

Мафҳуми ҳамгироии минтақавиро, агар ба таври содда баён намоем, он маънои пай дар пай аз байн бардоштани монеаҳои сарҳадии байни давлатҳои иштироккунандаро дорад. Давлатҳои иштирокчии ҳамгироии минтақавӣ, пеш аз ҳама, аввал барои инкишофи муносибатҳои иқтисодӣ қонун ва қоидаҳои амалкунандаи давлати ҳамдигарро бо ҳам мувофиқ кунонида, ба равнақу ривоҷ ёфтани савдои озоди байнайдавлатӣ эътибори махсус медиҳанд.

Барои зудтар ноил шудан ба ин мақсад ва тайёр намудани дастуру пешниҳодҳо сохторҳои махсуси байналмилатиро таъсис дода, ба онҳо ҳуқуқ ва ваколатҳои муайянеро медиҳанд. Иҷрои дастурҳои пешниҳодшудаи ин сохтор барои иштирокчиёни ҳамгироии минтақавӣ муҳим буда, дар бисёр ҳолатҳо ҳукми қонунро пайдо мекунад.

Олимони ҷаҳон дар баҳсу мунозираҳои худ оид ба ҳамгироии минтақавӣ асосан чор роҳи муттаҳидшавиро ба қайд гирифтаанд, ки дар ташаккули сохторҳои байнидавлатии бисёр минтақаҳои ҷаҳон онҳо аён дида мешаванд:

  1. Аз аввалҳои асри XIX сар карда то солҳои 40-ум бинобар авҷгирии тиҷорати байнайдавлатӣ, тараққӣ ёфтани соҳаҳои саноати вазнин ва дар заминаи онҳо бунёд гардидани корхонаҳои бузург ва муттаҳидшавии сармояи давлатҳои тараққикарда дар ҳамгироии минтақавӣ оҳиста-оҳиста аз байн рафтани сохторҳои миллии давлатӣ ва равнақу ривоҷ ёфтани корпорацияҳои трансмиллӣ, ки ҳуқуқ ва вазифаҳои зиёд доштанд, ҷои асосиро мегирифт.

  2. Аз солҳои 40-ум сар карда дар ҳамгироии минтақавӣ равияи наве пешниҳод карда шуд, ки мувофиқи он бе бунёди сохторҳои марказонидашудаи қудратнок ва аз нуқтаи назари қонун бунёд кардашуда, равнақу ривоҷи ҳамгироиро тасаввур кардан ҳам мумкин набуд.

пешина
аз 785
навбатӣ