Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

фарорасии соли 2000 Иттиҳоди ягонаи асъории Европа бунёд карда шавад. Ва воқеан давлатҳо ба ин мақсади худ расиданд. Дар натиҷа татбиқ намудани ин мақсади олии ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ тамоми проблемаҳои дар Европа мавҷудбударо аз байн бардошта шуда, дар тамоми ҳудуди Европа минтақаи гардиши асъори ягонаи EVRO таъмин намуд.

Аммо баъзеҳо чунин мепиндоштанд, ки пурра амалӣ кардани ин мақсади олӣ бе бунёди фазои ягонаи сиёсӣ имконнопазир аст. Ин масъалаи муҳимро ба назар гирифта, роҳбарияти Иттиҳоди Европа шарту шароити давлатҳои узви Иттиҳоди Европаро омӯхта, соли 1992 дар шаҳри Маастрихти Нидерландия шартномаро дар бораи Ҷомеаи Европа ба имзо расонид, ки мутобиқи он ба иттиҳоди ягонаи иқтисодӣ, сиёсӣ ва асъорӣ табдил додани ин қитъа дар назар гирифта шуда буд. Тибқи ин созишнома вазифа гузошта шуда буд, ки Ҷомеаи Европоро ба давлати абарқудрати сиёсӣ табдил дода, иттиҳоди нави сиёсии ин кишварҳо - Иттиҳоди Муттаҳидаи Европа ташкил карда шавад.

Соли 1967 Ассотсиатсияи давлатҳои ҷанубу шарқии Осиё (АСЕАН), ки он давлатҳои Бруней - Дорусаллом, Индонезия, Малайзия, Сингапур, Таиланд ва Филиппинро муттаҳид менамуд, бунёд карда шуд. Мақсади асосии ташкил намудани ин ассотсиатсия озод намудани фаъолияти иқтисодии хориҷӣ буд. Бо ташкили ин ассотсиатсия давлатҳои иштирокчӣ мақсад гузоштанд, ки барои тамоми давлатҳои ҷаҳон, ки бо онҳо робитаҳои иқтисодӣ ба роҳ монда шудаанд, аз тамоми маҳдудияти фаъолияти иқтисодии хориҷӣ озод карда шаванд.

Бояд хотиррасон сохт, ки ҳамгироии байналмилалии кишварҳои Европаи Ғарбӣ ва ба иқтисоди ҷаҳонӣ дохил шудани онҳо танҳо дар доираи Иттиҳоди Муттаҳидаи Европа маҳдуд намешавад.

Соли 1980 минтақаи преференсиалии савдои давлатҳои Африкаи Ҷанубӣ ва Шимолӣ ташкил ёфт. Давлатҳои иштирокчии ин минтақа барои ҷалб намудани тоҷирони ҷаҳон ва дар асоси он равнақу ривоҷ додани инфраструктураи мамлакати худ мақсад гузоштанд, ки дар муддати кӯтоҳ боҷу хироҷи гумрукиро дар

пешина
аз 785
навбатӣ