Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
муомилоти байни мамлакатҳо тамоман аз байн бардоранд. Дар сарҳади давлат бошад, бочу хироҷи гумрукиро то ҳадди ақал паст намуда, барои ҳавасманд гардондани тоҷирон ва сармоягузорони хориҷӣ фоизи ночизеро муайян карданд.
Соли 1991 байни Аргентина, Бразилия, Уругвай ва Парагвай созишномаи тиҷоратии бо номи МЕРКОСУР ба имзо расид, ки мувофиқи он дар худуди давлатҳои Америкаи Лотинӣ иттиҳоди гумрукӣ бунёд гардида, тамоми монеаҳои дохилигумрукӣ аз байн бардошта шуд. Дар баробари ин онҳо дар сарҳадҳои берунии ин давлатҳо тарифи гумрукии ягонаро ҷорӣ намуданд.
Январи соли 1994 созишнома дар бораи савдои озоди давлатҳои Америкаи Шимолӣ, ки дар он ШМА, Канада ва Мексика иштирок менамоянд, ба имзо расид.
Давлатҳои аъзои АСЕАН бозори дохилии худро васеъ намуда, дар муддати хеле кӯтоҳ худуди минтақаи иттиҳоди гумрукии худро ҳамчун мактаби омӯзиш қарор дода, ба бозори ҷаҳонӣ баромаданро мақсади асосии худ намуданд.
Дар баробари муттаҳидшавии як қатор давлатҳои номбурда дар ҷаҳон чунин ташкилотҳо, ба мисли Ташкилоти Ҳамкории Иқтисодӣ ва Тараққиёт (ОЭСР), Корпоратсияи иқтисодии давлатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (АТЭК) ба миён омаданд, ки як қатор масъалаҳои сиёсию иқтисодиро, ба монанди кӯмаки таҷрибавӣ ва экспертиза дар масъалаҳои ба роҳ мондани корҳои хоҷагӣ ва сиёсӣ, ҳаллу фасли муноқишаҳо, дуруст ба роҳ мондани хатҳои нави технологӣ, аз нав дида баромадани меъёрҳои стандартӣ ва муайян намудани муносибатҳои умумидавлатӣ бо давлатҳои хориҷиро ҳал мекарданд.
Бинобар ин донишмандони иқтисодиёти ҷаҳон рафти бунёди ҳамгироии минтақавиро омӯхта, онро ба се марҳилаи таърихӣ тақсим намуданд.
Марҳилаи якум ин давраи аввалини ташаккули ҳамгироии минтақавӣ, ки он солҳои 1946 -1980-ро дар бар мегирад.
Марҳилаи дуюм давраи авҷгирии ҳамгироии минтақавӣ буда, солҳои 1980-1991-ро дар бар мегирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё