РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Вале ҳамзамон бо пешрафтҳои илми башар дар арсаҳои гуногуни зиндагӣ васоили наве, ба монанди сўзандору (укол) ва ғ. ихтироъ гардида, ки ба воситаи онҳо доруву дармонҳо аз зери пўст ва ё аз роҳи мушакҳо ва рагҳои хунгард ба бадан тазриқ (ворид карда) мешаванд. Корбурди ин васоил собиқаи чандон дури таърихӣ надорад ва ҳанўз дар фиқҳи исломӣ шаклбандии мавзўии дақиқе дар бораи онҳо ба амал наомадааст. Бинобар ин, аз сўи донишмандони муосир ва маҷомеи фиқҳии ҷаҳони ислом назарот ва фатвоҳои гуногуне дар бораи онҳо иброз шуда, ки ба таври умум дар се қавл ва ё назар хулоса мешаванд:
- Баъзеҳо онҳоро бо вуҷуди бороварандаи беҳӣ ва шукуфоии бадан буданашон муфсиди рўза надонистаанд, чун аз роҳи рагҳо ва гўшт – манфазҳои ғайри табиӣ вориди бадан мешаванд. Илова бар ин, дору тамоман дохили меъда ва ё мағз намешавад ва агар гоҳе ҳам бишавад, аз гузаргоҳҳои аслӣ ворид нашудааст. Ин донишмандон ғизо ва маводди доруиеро муфсиди рўза донистаанд, ки аз роҳҳо ва манфазҳои табиӣ вориди шикам ва мағз гарданд.
Доктор Ваҳба Зуҳайлӣ назари мазҳаби ҳанафиро дар бораи сўзандору чунин овардааст: «Ҳуқнаҳо (уколҳо)-е, ки дар мушакҳо, зери пўст ва рагҳои варид (вена) карда мешаванд, рўзаро фосид намекунанд, аммо беҳтар аст агар имкон бошад онро ба пас аз ифтор ба таъхир андозад. Аммо имола (клизма) кардан рўзаро мешиканад.180 Назари соҳиби «Маҳмуду-л-фатово» низ он аст, ки бо тазриқи ҳеҷ гуна ампул (сўзандору)-е рўза фосид намешавад.181 Албатта, бояд донист, ки бо ин ҳуқнаҳо вақте рўза намешиканад, ки маводи ғизобахш ва қувватдиҳандае дар таркиби худ надошта бошанд.
180 Фиқҳи исломӣ. – Ҷ. 3. – С. 1712.
181 Маҳмуду-л-фатово. – Ҷ. 2. – С. 226, 227.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё