РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
- Шумори дигаре аз донишмандон ҳадафи тановули ғизо ва маводди доруӣ – муфсидоти аслии рўзаро, ки эҷоди шукуфоӣ ва қувват пайдо кардани бадан аст, асл қарор дода ва тазриқи сўзандоруро ба ҳар шакл ва мўҳтавое бошад, шиканандаи рўза донистаанд.
- Баъзеҳо дар ин масъала назари миёнае иброз доштаанд: Агар тазриқи сўзандору барои қувват сурат гирад ва ниёзи бадан ба об ва ғизоро ба тавре бароварда созад, рўзаро мешиканад, дар ғайри ин сурат барои рўза ҳеҷ зараре надорад. Ин назар роҷеҳтар ба назар мерасад ва Маҷлиси Маҷмаи фиқҳи исломӣ дар нишасти давраи даҳуми худ, ки дар таърихи 23-28 сафари соли 1418 ҳ./28-3 июн ва июли соли 1997 м. дар шаҳри Ҷаддаи Арабистони Саудӣ баргузор гардид, пас аз шунидани назарот ва таҳқиқоти анҷомшуда аз сўи Анҷумани тиббии фиқҳи исломӣ ва муҳокимаи мавзўъ дар бораи муфтирот дар маҷоли дармонӣ (қарори 93 (1/10) қарорҳо ва тавсияоҳеро ба тасвиб расонд, ки дар радифи ҳаштуми он омадааст:
Сўзандоруҳои дармоние, ки аз зери пўст ва ё аз роҳи мушакҳо ва рагҳои хунгард вориди бадан карда мешаванд, ба истиснои моеъоти қувватдиҳанда ва маводди ғизобахш, муфсиди рўза ба шумор намераванд.182
Дар мавридҳои зерин рўза фосид намешавад
- Аз рўи фаромўшӣ чизеро бихўрад ё биошомад ва ё ҳамбистарӣ намояд, ҳарчанд ин аъмол борҳо аз вай содир шаванд. Дар «Саҳеҳайн» ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) фармуд: «Шахси рўзадоре ба фаромўшӣ бихўрад ва ё биошомад, рўзаашро пурра намояд (яъне давом диҳад), зеро Худованд (дар он ҳолат) ўро таом ва шароб додааст».183
Дорақутнӣ низ ба ҳамин маъно ҳадисеро аз Расули Худо (с) зикр намудааст: «Он ризқе мебошад, ки Худованд барои ў фиристодааст. Бар вай ҳеҷ гуна қазое воҷиб намегардад».184
Ба фаромўшӣ ар куниву хўрӣ,
Ҳаст ҳарду туро ҳаниву марӣ.
Рўзаи туст ҳамчунон боқӣ,
Гар ту серӣ вагар ту муштоқӣ.
- Дар хоб эҳтилом (ҷунуб) шавад.185
- Ба хонумаш назар намояд ва инзол шавад.
- Ба баданаш равған бимолад.
- Сурма бимолад ва ё мисвок намояд.
Вар кунӣ масҳ равғану сурма,
Бар сару чашм нестат ҷурма.
- Қай бар вай ғолиб ояд.
- Ҳиҷомат (хунгирӣ) намояд.
Гар касе раг заду ҳиҷомат кард,
Менашояд варо маломат кард.
- Бўса намояд ва инзол нашавад.
- Рўзона дар моҳи Рамазон ғусл ва оббозӣ намояд.
Абўбакр ибни Абдурраҳмон аз яке аз ёрони Паёмбар (с) ривоят мекунад, ки «Паёмбар (с)-ро дидам, ки аз шиддати ташнагӣ ва ё гармӣ бар сараш об мерехт, дар ҳоле ки рўзадор буд».186
182 Қарорҳо ва тавсияҳои Маҷмаи фиқҳи исломӣ, қарори 93 (1/10).
183 Саҳеҳи Бухорӣ, 1933, 6669; Саҳеҳи Муслим, (1155)-171; Сунани Абўдовуд, 2398; Сунани Тирмизӣ, 721, 722. Ҳадисро аз Абўҳурайра (р) ривоят кардаанд.
184 Сунани Дорақутнӣ. – Ҷ. 2. – С. 178.
185 Аз Ибни Аббос (р) ривоят шудааст, ки: «Расули Худо (с) фармуд: Се чиз рўзаро намешиканад: қай (-и ғолиб), ҳиҷомат ва эҳтилом». (Сунани Тирмизӣ, 719; Мўъҷаму-л-авсат, 4806. – Ҷ. 5. – С.
195. Сунани Куброи Байҳақӣ, 8124. – Ҷ. 6. – С. 232; Муснади Баззор. Тирмизӣ ҳадисро аз Абўсаъид (р) ривоят кардааст).
186 Сунани Абўдовуд, 2365; Муснади Аҳмад, 15944. – Ҷ. 3. – С. 475.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё