РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Ҳамчунин бо кофта баровардани чирки гўш ба василаи гўшков рўза фосид намешавад.
11. Агар даҳони рўзадор хун гирифту бо оби даҳон ҳамроҳ гашт, он гоҳ онро фурў бурд, бинигарад: Агар хун ғолиб аст ва маззаи онро фаҳмид, рўзааш фосид мешавад. Бояд қазои онро ба ҷо оварад. Вале агар хун ғолиб набошад ва маззаи онро низ эҳсос накард, рўзааш фосид намегардад.
12. Чашидани таъми хўрок бе фурў бурдани он, рўзаро фосид намекунад, вале бе зарурат макрўҳ мебошад.
Намаку сирко дар даҳон бичашид,
Рўза боқист гар фурў накашид.
Рўза боқӣ бувад, вале макрўҳ,
Дар кароҳат мебош бе андўҳ!.191
- Бо даҳон хоида нарм (маҳлул) кардани хўрок барои тифл дар ҳолати зарурат ҷоиз аст ва бе зарурат ва узре макрўҳ мебошад.
Нон, ки аз баҳри тифл мехоянд,
Уламо андарин чӣ фармоянд!?
Гар зарурат бувад, раво бошад,
Бе зарурат чунин хато бошад.
- Бо мисвоки табиӣ мисвок кардани дандонҳо, агарчи талхии он маълум шавад ҳам, ҷоиз аст, вале ҳангоми бо мисвоки маснуъӣ (щетка) мисвок намудан дар истифодаи хамираи дандоншўӣ бояд эҳтиёт намояд. Агар аз хамираи дандоншўӣ (паста) чизе ба ҳалқ фурў равад, рўза фосид мегардад ва қазо лозим меояд.
Мисвок кардан яке аз суннатҳои Расули Худо (с) мебошад. Он Ҳазрат (с) ҳам дар ҳолати рўзадорӣ ва ҳам берун аз он ҳамеша даҳони худро мисвок мекард ва дар таъкиди он мефармояд: «Мисвок поккунандаи даҳон ва мўҷиби хушнудии Парвардигор аст».192 Ҳамчунин мефармояд: «Агар бар умматам машаққат намешуд, онҳоро дар вақти ҳар намоз ба мисвок кардан амр мекардам».193 Ҳатто дар ҳадисе омадааст: «Мисвок беҳтарин хислати рўзадор аст».194 Аммо дар истифодаи хамири дандоншўӣ эҳтиёт кардан беҳтар аст, то чизе аз он ба ҳалқи рўзадор фурў наравад.
Беҳтар аст, ки пас аз ифтор ва ё қабл аз дамидани субҳ аз он истифода намояд. - Рўзадоре ба фаромўшӣ рўзаашро хўрд ва бо фикри он ки дигар рўзааш фосид шудааст, қасдан таом хўрд, бар вай қазо воҷиб аст, на каффорат. Агар пас аз қай кардан низ чунин кунад, ҳамин ҳукмро дорад.
- Рўзадоре ба чашмаш сурма кашад ё раг занад (хун гирад) ва ё бар сару сурати худ равған молад ва бо гумони ин ки дигар рўзааш шикастааст, қасдан бихўрд ё бинўшид, қазову каффорат ҳар ду бар вай лозим мегардад.
- Дар моҳи Рамазон агар иттифоқан рўза фосид шавад ҳам, бақияи он рўз бояд аз хўрдану нўшидан ва амалҳои хилофи рўза худдорӣ намояд.
- Шахсе дар моҳи Рамазон нияти рўза накунад, яъне тамоман рўза нагирад, бар вай танҳо қазо воҷиб мешавад, вале агар нияти рўза кунад ва пас аз он рўзаашро хўрад, қазову каффорат ҳар ду бар вай воҷиб мешаванд.
- Рўзадоре худ ба худ қай кунад, ё эҳтилом шавад ва ё бо дидани зан инзол шавад, вале аз ҷиҳати надонистани масъала, ки рўзааш дар ин ҳолатҳо зараре намебинад, хаёл кунад, ки рўзааш фосид гаштааст ва ба он пиндор қасдан бихўрад ё бинўшад, қазо бар вай лозим мегардад, на каффорат.
191 Дар баъзе нусхаҳо «Аз кароҳат мабош беандўҳ!» омадааст, ба ин маъно, ки кароҳат ҳам дар костани арзиш ва савоби ибодат таъсир дорад.
192 Саҳеҳи Бухорӣ, муқаддимаи ҳадиси 1934; Сунани Насоӣ, 5; Сунани Ибни Моҷа, 289; Сунани Доримӣ, 688. – Ҷ. 1. – С. 285; Муснади имом Аҳмад, 7. – Ҷ 1. – С. 7, 23683, 24404. – Ҷ. 7. – С. 71, 187.
193 Саҳеҳи Бухорӣ, 887; Саҳеҳи Муслим, 589 (252)-42; Сунани Абўдовуд, 46, 47; Сунани Тирмизӣ, 22, 23.
194 Сунани Ибни Моҷа, 1677; Сунани Дорақутнӣ. – Ҷ. 2. – С. 203; Сунани Куброи Байҳақӣ, 8110. – Ҷ. 4. – С. 446; Муснади Баззор, 3813. – Ҷ. 9. – С. 269. Ҳадисро аз Оиша (р) ривоят кардаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё