РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Вале, агар масъала барояш маълум бошад, ки рўза дар чунин ҳолатҳо фосид намешавад ва бо ин вуҷуд боз бихўрад ё бинўшад, қазову каффорат ҳар ду бар вай воҷиб мешаванд.
20. Агар дар сўрохи мардии худ доруе рехт, аз сабаби нарасидани он дору ба шикам, рўзааш фосид намешавад.
21. Агар бо ҳайвоне расида инзол шавад ё занашро бўсида инзол шавад, рўзааш фосид ва танҳо қазо бар вай воҷиб мешавад.
Дар бораи бозӣ ва бўсу канор кардан бо зан дар аснои рўза аз Расули Худо (с) тавсияҳои гуногун ва муфиде ривоят шудааст. Аз ҷумла, ривоят шудааст, ки: «Марде Паёмбар (с)-ро дар бораи мубоширати шахси рўзадор пурсид, он Ҳазрат (с) ўро иҷозат дод. Марди дигаре омад ва дар ин бора савол кард, ўро аз ин кор наҳй кард. Он касе, ки барояш иҷозат дод, пирамарди солрафтае буд ва аммо он касе, ки ўро аз ин кор наҳй намуд, ҷавоне буд».195 Аз Оиша (р) ривоят шудааст, ки: «Расули Худо (с) маро дар ҳоле ки рўзадор буд, бўса мекард ва кадоми шумо ба монанди Расули Худо (с) ниёзи (ҷинсии) худро молик мебошад?».196 Аз маҷмўи ин ҳадисҳо бармеояд, ки бўсу канор ва бозӣ кардан бо зан дар аснои рўза барои касоне, ки ҳолати шаҳвонии худро идора карда наметавонанд, ба хусус ҷавонон, кароҳият дорад.
Дар ин ҷо ду ҳолате вуҷуд дорад, ки аз ҳам фарқ мекунанд. Якум он аст, ки ба дилаш хутур кунад, яъне дар бораи ҳамсараш ва ё муошират бо ў фикр кунад ва ё ба занаш нигоҳ кунад ва бе ягон ҳаракати амалие инзол шавад, дар ин суратҳо рўзааш намешиканад. Ин ҳолатҳо ҳукми дар хоб эҳтилом шуданро доранд.
195 Сунани Абўдовуд, 2387; Сунани Куброи Байҳақӣ, 7872. – Ҷ. 4. – С. 231. Ҳадисро аз Абўҳурайра (р ) ривоят кардаанд.
196 Саҳеҳи Муслим, (1106)-64. Дар Саҳеҳи Бухорӣ низ ба ҳамин маъно ҳадисе ривоят шудааст. (Саҳеҳи Бухорӣ, 1927, 1928).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё