Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

МАСОИЛИ МУОСИР ДАР БОБИ РЎЗА

ар асоси пешрафтҳои густардае, ки дар бахшҳои гуногуни илми тиб(б) дар чанд даҳаи Б ахир ба вуҷуд омадааст, тағйироти куллие дар тарзи ташхиси беморон, гирифтани таҳлил (анализ)-ҳои гуногун ва ҳамчунин дастгоҳҳои ташхисӣ ва табобатӣ мушоҳида мегардад. Ҳамзамон бо ин дигаргуниҳо масоил ва рўйдодҳои тозае дар ҳаёти башар ба вуҷуд омада ва шахси мусалмон ҳатман мехоҳад ҳукми онҳоро аз назари шариат бидонад. Бо дарназардошти ин ниёзи ҷомеа ва ба андозаи имконот ва тавоноиҳои илмии худ ба чанд масъалаи муосир дар боби рўза равшанӣ андохтем.
Шоёни зикр аст, ки масоил ва ҳаводиси тозае, ки имрўз дар арсаҳои гуногуни зиндагӣ барои инсон зуҳур кардаанд, бо такя ба усул ва қавоиде, ки аз сўи шариат дар ин боб пешбинӣ шудаанд ва бо истифода аз назароти фиқҳии донишмандони салаф ва бузургони дин мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

  1. Маънои ҷавф ва димоғ аз назари фақеҳон

а) Пеш аз ҳама, мекўшем ба маънои ҷавф (шикам) аз назари фақеҳон равшанӣ андозем, зеро ҳар чизе ба шикам фурў равад, аз назари фиқҳӣ муфсид ва шиканандаи рўза ба шумор меравад. Қуръони карим хўрдан ва нўшиданро шиканандаи рўза ҳукм кардааст ва аз назари анатомӣ ба таври дақиқ маълум аст, ки дастгоҳи ҳозима ва узвҳое, ки системаи умумии қабул ва коркарди ғизо ва тағзияи баданро ташкил медиҳанд, иборатанд аз: а) даҳон, б) ҳалқ, в) сурхной, г) меъда, д) рўдаи дувоздаҳангушта, ж) рўдаҳои борик, з) рўдаи ғафс ва л) рўдае, ки ба мақъад пайваст мебошад.

Аз ин тақсимбандии илмӣ бармеояд, ки хўрдану нўшидан ва тағзияи бадан ба воситаи ҳамин узвҳо ҳосил мешавад ва танҳо ҳамон чизе шиканандаи рўза ба шумор меравад, ки аз тариқи ҳалқ ба меъда бирасад, вале фақеҳони киром маънои тағзияро васеътар аз ин гирифта ва ҳар чизеро, ки ба шикам ворид шавад, онро шиканандаи рўза донистаанд, хоҳ ба дастгоҳи ҳозима ворид шуда бошад, хоҳ ба дигар ковокиҳои дохили шикам.

пешина
аз 190
навбатӣ