РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Ҷавф ҳам дастгоҳи ҳозима (меъда, рўдаи ғафс ва ғайра) ва ҳам дигар ковокиҳои шикамро дар бар мегирад.
Ба ақидаи онҳо аз тариқи дастгоҳи ҳозима ва дигар узвҳое, ки муҳимтарин вазифаи ҷисмони (физиологи)-и онҳо қабул ва коркарди ғизо мебошад, тағзияи комил сурат мегирад, вале аз тариқи дигар узвҳои дохили шикам низ тағзияи нисбӣ ҳосил мешавад ва манзури оят аз хўрдану нўшидан низ тағзияи дохилӣ мебошад.
Илми тибби муосир низ ин мавқеъро таъйид менамояд ва тағзияи нисбӣ аз тариқи ғайри системаи ҳозима, яъне аз тариқи дигар узвҳои дохилиро ба исбот расонидааст. Масалан, агар ба зери пардаи рўи шикам глюкоза ва дигар маҳлулҳои ғизобахш ворид карда шавад, ҷисм аз тариқи ҳамон парда нерўи худро барқарор менамояд.
Назари ҷумҳури аҳли суннат он аст, ки бо расидани чизе ба ҷавф (шикам) рўза фосид мешавад ва ҷавфро шомили меъда, узвҳои марбут ба тағзия ва дигар ковокиҳои шикам медонанд.
б) Ғайр аз ин фақеҳон расидани дору ва ҳар гуна маҳлулҳои ғизобахшро ба димоғ низ шиканандаи рўза донистаанд ва манзури онҳо аз димоғ мағзи сар ва тамоми бофтаҳои асабие мебошанд, ки дар дохили косаи сар ҷойгир шудаанд. Ба ақидаи ҷумҳури фақеҳони мазҳабҳои аҳли суннат димоғ яке аз ковокиҳои бадан буда, аз он ба шикам роҳ ва манфазе вуҷуд дорад. Бинобар ин, ҳар чизи моеъ ва дорои арзиши ғизоие ба димоғ бирасад, он низ шиканандаи рўза ба шумор меравад.
Ба ақидаи баъзе фақеҳон аз димоғ ба шикам ҳеҷ гуна манфаз ва роҳе вуҷуд надорад, вале димоғ қобилияти таъсирпазирӣ ва касби қуввату заъфро ба андозае ба таври мустақил дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё