Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Бинобар ин, ворид шудани дору ва дигар ашёи ғизобахш ба димоғ шиканандаи рўза ба шумор меравад.
в) Маводи доруворӣ ва дигар маҳлулҳои давоӣ дар назди ҷумҳури аҳли суннат ҳукми маводи ғизоиро доранд ва бо расидани онҳо ба шикам ва ё димоғ рўза фосид мешавад. Зеро дар ин ҳолат маънои тағзия ва нашоти бадан амалан таҳаққуқ меёбад г) Ашёи дигаре, ки арзиши ғизоӣ надоранд, ба монанди оҳанпора, гилпора ва ғайра ва ё маъмулан ба он тарз хўрда намешаванд, ба мисли меваҳои хом, зироатҳои нопухта ва ғайра, вақте қасдан фурў бурда шаванд, онҳо низ рўзаро фосид мекунанд. Зеро маънои хўрдан дар ин ҳолат суратан таҳаққуқ ёфтааст.
д) Дар баробари гуфтаҳои боло, ки дар онҳо назари фиқҳии мазҳабҳои аҳли суннат дар бораи маънои калимаи ҷавф (шикам) ва димоғ (мағзи сар) ба таври фишурда баён гардид, дидгоҳи дигари фиқҳие низ вуҷуд дорад, ки ҳанўз дар марҳалаҳои шаклгирии худ қарор дошта, ба сурати мазҳаб ва ё раъйи мустақилле дар ин мавзўъ надаромадааст. Он иборат аст аз ин ки ҳар чизе ба дастгоҳи ҳозима ва дигар узвҳое, ки бевосита ба коркард ва тағзияи бадан марбут мебошанд, ворид шавад, рўзаро фосид месозад ва чизе, ки ба дигар ковокиҳои шикам ва ҳамчунин, ба димоғ ворид шавад, он рўзаро фосид намесозад.
Ҳамчунин дидгоҳи дигаре низ вуҷуд дорад, ки маводи дорувориро комилан муфсиди рўза эътибор намекунад. Зеро онҳо маъмулан дар ҳукми хўрданиҳо ва ё маводи ғизоӣ дохил намебошанд ва дар шариат низ насс (далел)-и сареҳе наомадааст, ки онҳоро дар ҳукми маводи ғизоӣ қарор дода бошад ва ё ҳукми муфсиди рўза будани онҳоро муайян карда бошад.

Бо вуҷуди он ки амал кардан ба назароти фиқҳии донишмандони муосир шаръан ҳеҷ мушкилеро ба вуҷуд намеоварад, зеро онҳо дар ин масоил, ки аз ҷумлаи масоили иҷтиҳодӣ ба шумор мераванд, ба назари фиқҳии илман дақиқтаре даст ёфтаанд.

пешина
аз 190
навбатӣ