Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

РЎЗАИ НАЗР

Калимаи назр дар луғат ба маънои воҷиб гардонидани чизе ва ё коре бар худ барои тақарруб ба Худо аст, ба монанди ягон ибодат, садақа ва ғайра. Шариати Ислом низ ин маъноро таъйид намуда, назрро навъе паймон миёни банда ва Худо ба шумор меоварад ва вафо ба онро бар банда воҷиб медонад. Қуръони карим дар ин бора мефармояд: «Ва ба назрҳояшон вафо намоянд…».220 Бар ҳамин асос, шахс метавонад намоз, рўза, эътикоф, садақа, забҳи чорво ва дигар корҳои шаръан қурбатро барои Худо назр намояд, яъне анҷоми онҳоро бар худ воҷиб гардонад.
Дар таълимоти исломӣ ба пойбандӣ ба паймонҳо ва вафо ба назр ба қадре тавсия ва таъкид гардида, ки вафо ба он дар радифи дигар фароизи динӣ қарор дода шудааст. Дар китобҳои ҳадис ва фиқҳ бобе дар мавзўи назр кушода шуда ва ҳатто дар мавридҳое ба вафо ба назрҳои иҷронашудаи даврони ҷоҳилият ва он корҳое, ки пеш аз Ислом назр шуда ва бо сабабе вафоношуда боқӣ монда буданд, амр шудааст. Қуръони карим мефармояд: «Ҳар нафақаеро харҷ намоед (ва) ё ҳар назреро бар худ воҷиб гардонед, Худо онро медонад ва золимонро ҳеҷ ёваре набошад».221 Ривоят шудааст, ки пас аз фатҳи Макка вақте Расули Худо (с) аз Ҳунайн баргашт, Умар (р) гуфт: «Эй Расули Худо (с), ман дар (замони) ҷоҳилият назр карда будам, ки шабе – ва дар ривояте – рўзе дар Масҷидулҳаром эътикоф менишинам. Фармуд: Ба назрат вафо кун».222

220 Сураи Ҳаҷ, 22: 29.
221 Сураи Бақара, 2: 270.
222 Саҳеҳи Бухорӣ, 2042, 6697; Саҳеҳи Муслим, 4268-73 (1656)-27- 28; Саҳеҳи Ибни Ҳиббон, 4364, 4365, 4366. – С. 758. Ин ҳодиса соли фатҳи Макка пас аз ҷанги Ҳунайн вақте Паёмбар (с) аз Ҷиърона мегузашт, ба вуқўъ пайвастааст.

пешина
аз 190
навбатӣ