РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Ҳукми назр
Вафо ба назр агар аз корҳои қурбат223 бошад, бинобар қавли роҷеҳ дар мазҳаб фарз ва ба қавле воҷиб аст, вале агар аз корҳои маъсият бошад, он вафое надорад ва анҷом додани он шаръан ҳаром мебошад. Аз Оиша (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) фармуд: «Касе назр намояд, ки Худоро итоат менамояд, пас Ўро итоат намояд ва касе назр намояд, ки Худоро маъсият ва нофармонӣ мекунад, Ўро маъсият накунад».224 Яъне агар кори маъсиятеро назр карда бошад, он назрашро тарк намояд.
Ҳамчунин ривоят шудааст, ки: «Ҳангоме Паёмбар (с) хутба мехонд, ба ногоҳ мардеро дид, ки дар офтоб рост истодааст. Дар бораи вай пурсид, гуфтанд: Вай Абўисроил аст, назр кардааст, ки дар офтоб рост биистад ва (ҳаргиз) нанишинад ва (ба чизе) соя нагирад ва сухан нагўяд ва рўза дорад. Паёмбар (с) фармуд: Ўро бифармоед, ки сухан бигўяд, соя бигирад, бинишинад ва рўзаашро ба итмом расонад».225 Дар ривояти дигар омадааст, ки: «Расули Худо (с) мардеро дид, ки дар такяи ду нафар роҳ мерафт. Пурсид: Ин мардро чӣ шудааст? Гуфтанд: Назр кардааст, ки пиёда ба хонаи Каъба биравад – ва дар ривояте – ҳаҷ кунад. Гуфт: Худо аз азоб додани ин мард худро бениёз аст ва ўро амр кард, ки савор шавад».226 Назр бояд бо корҳои ибодатӣ ва амалҳое, ки шаръан бо анҷоми онҳо ба Худо тақарруб ва наздикӣ ҷуста мешавад, ба монанди намоз, рўза, ҳаҷ, забҳи чорво, садақа ва ғайра сурат гирад.
223 Қурбат -/ҳо; қурубот/. дин: тақарруб ва наздикӣ ба Худо ба василаи ибодатҳо.
224 Саҳеҳи Бухорӣ, 6696, 6700.
225 Саҳеҳи Бухорӣ, 6704; Сунани Абўдовуд, 3300; Саҳеҳи Ибни Ҳиббон, 4370. – С. 759.
226 Саҳеҳи Бухорӣ, 1865, 6701; Саҳеҳи Муслим, 4223 (1642)-9; Саҳеҳи Ибни Ҳиббон, 4367, 4368. – С. 759.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё