Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Дар чунин назре (муайян), агар аз шаб ният кунад, ҷоиз ва авло аст, вале ният аз шаб шарт нест, метавонад то як соат пеш аз завол (нисфирўзӣ) ният намояд ва назр адо меёбад.
Агар шахсе рўза гирифтани рўзи ҷумъаро назр кунад, чун рўзи ҷумъа омад, ҳамин қадар бигўяд, ки имрўз рўза мегирам ва навъи рўзаро муайян насозад ва ё нияти нафл кунад, дар ҳар дуи ин суратҳо назр адо меёбад. Вале агар нияти қазоӣ карда бошад, рўзаи гирифтааш дар рўзи ҷумъа рўзаи қазоӣ ҳисоб мешавад ва назрашро бояд рўзи дигар бигирад.
Муайян кардани замон ва макон барои назр аз назари шариат эътиборе надорад ва онро метавонад дар рўз ва ҷои муайяннамуда ва ё ба таври мутлақ ба ҷой оварад. Масалан, агар касе назр кунад, ки моҳи раҷабро рўза медорад ва ба ҷои он моҳи шаъбонро рўза дорад, назраш адо меёбад, касе гузоридани ду ракъат намозро дар Макка назр кунад, онро дар ҳар ҷое бигузорад, дуруст аст, агар маблағеро барои фақири муайяне назр намояд, онро ба ҳар фақире бидиҳад, назраш адо меёбад, ҳамон гуна ки ба ҷой овардани он дар замон, макон ва ҷиҳати таъйиннамудааш низ ҷоиз аст.
Ривоят шудааст, ки: «Рўзи фатҳи Макка марде бархост ва гуфт: Эй Расули Худо (с), ман барои Худо назр кардам, ки агар Худованд Маккаро барои ту фатҳ намояд, дар Байтулмуқаддас ду ракъат намоз бигузорам. (Расули Худо (с)) фармуд: (Онро) дар ҳаминҷо бигузор! Он мард суханашро боз такрор намуд ва Расули Худо (с) фармуд: (Онро) дар ҳаминҷо бигузор. Он мард суханашро бори сеюм такрор кард. (Расули Худо (с) ин бор) фармуд:
Набошад, худат медонӣ!».227
Дар ин навъи назр шахс метавонад бар худ воҷиб гардонад, ки масалан, барои Худо ду ракъат намоз мегузорам ё ду рўз рўза мегирам ва ё чорвое забҳ менамоям.

227 Сунани Абўдовуд, 3305.

пешина
аз 190
навбатӣ