Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Вафо ба назр пас аз таҳаққуқи шартҳои зерин воҷиб мегардад:
а) Аз ҷумлаи корҳое бошад, ки дар шариат аз навъи онҳо ибодати фарзӣ ва амалҳои қурбатан илаллоҳ вуҷуд дошта бошанд, ба монанди намоз, рўза, ҳаҷ ва ғ.
Пас шахс метавонад, масалан, ду ракъат намоз ё ду рўз рўза ва ё ҳаҷҷеро бар худ воҷиб гардонад; б) Назр ба вақтҳо ва рўзҳое, ки намозу рўза дар онҳо макрўҳ ва мамнўъ аст, рост наояд. Масалан, агар назр намояд, ки рўзҳои идайн ва ё айёми ташриқро рўза медорад, назраш дуруст мегардад, вале аз он ҷо ки рўза доштан дар ин рўзҳо ҳаром аст, онро дар рўзҳои дигар ба ҷой меоварад; в) Назр аз ҷумлаи амалҳое набошад, ки аз сўи Худованд бар бандагонаш фарз гардонида шудаанд, ба монанди намозҳои панҷгона, намози витр, рўзаи моҳи Рамазон ва ғ. Зеро ин корҳо бе он ҳам бар вай воҷиб мебошанд; г) Назр аз ҷумлаи корҳои муҳол набошад, ба монанди рўзаи рўзи гузашта; д) Назр амал ва ибодати мустақил бошад, на заминаи амри дигар, ба монанди вузў, ки ибодати мустақил ба шумор намеравад, балки он омодабоше барои намоз аст.
Пас он назре, ки дар он мўҳтавои бандҳои номбурда таҳаққуқ наёфта бошад, шаръан нодуруст буда, ҳеҷ гуна вафое надорад. Бинобар ин, шахс метавонад намоз (ғайри намозҳои фарзӣ), рўза (ғайр аз рўзаи фарзӣ), садақа (ғайр аз закот), эътикоф, забҳ (ғайр аз қурбонӣ) ва корҳои дигарро назр намояд.

Навъҳои назр

а) Назр ба эътибори замон ва макон бар ду қисм аст, назри муайян ва назри номуайян:

  1. Назри муайян он аст, ки барои он таърих ва рўзе ва ё маконе муайян намояд, ба ин тариқ ки бигўяд: Эй Худо, агар фалон кори ман анҷом гирад, фардо ё рўзи ҷумъаи оянда масалан, барои ризои Ту рўза мегирам.
пешина
аз 190
навбатӣ