РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Дини Ислом дини илму басират аст ва маҳви ҷаҳлу бесаводӣ яке аз муҳимтарин ҳадафҳои онро ташкил медиҳад. Худованд ба Паёмбари акрам (с) дастур медиҳад, ки эълон намо: «Ин роҳи ман аст. Ман ба сўи Худо бо басират ва аз рўи огаҳӣ даъват мекунам ва ҳар касе, ки аз ман пайравӣ намояд…».229 Чӣ тавре зикр гардид, аз назари Ислом доманаи назр хеле густарда буда, он тамоми навъҳои ибодатҳои нафлӣ, садақоти ғайри фарзӣ ва ҳамаи корҳои хайр ва амалҳои некеро, ки қурбатан илаллоҳ анҷом дода мешаванд, дар бар мегирад.
Бар ҳамин асос, агар шахсе дар бахши садақот, таом додан ва ё забҳи чорво назр кунад, онро бояд дар масрафҳои муайяннамудаи шаръ сарф намояд. Масрафҳо ва мустаҳиққони назр, каффоратҳо ва садақаи Фитр ҳамон масрафҳои закот мебошанд. Касе пардохти каффорат, назр ва ё садақаи Фитрашро дар ғайри онҳо сарф кунад, онҳо аз зиммааш соқит намешаванд. Масалан, шахсе гўсфанде назр кард ва онро пас аз забҳ ба фарзандони худаш ва ё сарватмандоне, ки аҳли закот ҳастанд, сарф намуд, назраш адо намеёбад, бояд аз сар гўсфанди дигаре забҳ намояд.
Агар шахсе назр кунад ва назраш барои кори маъсият ва ё қатъи пайванди хешутаборӣ набошад, вафо кардан ба назр воҷиб аст ва тарки он гуноҳ.
Агар касе рўзаи рўзҳои ид ва ё айёми ташриқро назр кунад, бояд рўзи идро бихўрад ва дар ивази он рўзи дигаре рўза бигирад. Зеро назраш баста шуда, вале рўза доштан дар он рўзҳо кароҳияти таҳримӣ дорад, пас ба ҷои он рўзи дигаре рўза медорад.
Агар шахсе назр кунад, ки тамоми солро рўза мегирад, ҳамон панҷ рўзи мамнўъро бихўрад ва дигар тамоми солро бигирад ва он панҷ рўзро қазо ба ҷо оварад.
229 Сураи Юсуф, 12: 108.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё