Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

НАМОЗИ ИДАЙН

Рамазон рафту надонам, ки зи мо буд хушнуд,
Ё на, андешаи он завқи дили мо бирабуд.
Амали мо агар ин аст, ки мо мебинем,
Наравад моҳи муборак зи бари мо хушнуд.
(Ҳумоми Табрезӣ)

Дар ду ид – Фитр ва Азҳо (Рамазон ва Қурбон) хондани намози махсуси ид бар онҳое, ки намози ҷумъа бар эшон воҷиб аст, воҷиб мебошад.
Таърихи аввали моҳи шавволро иди Фитр ва таърихи даҳуми моҳи зулҳиҷҷаро иди Азҳо (Қурбон) меноманд.
Ин ду рўз дар ислом рўзи иду хушӣ аст ва ба унвони шукрона ду ракъат намоз дар ин ду рўз воҷиб мебошад.
Тамоми он шарту шароите, ки барои сиҳҳат (дурустӣ) ва вуҷуби намози ҷумъа баён гардид, барои намози идайн низ зарурӣ мебошанд. Ғайр аз хутба, ки дар намози ҷумъа хондани он фарз ва шарт аст ва пеш аз намоз хонда мешавад, вале дар намози идайн хутба шарт нест, балки суннат аст ва баъд аз намоз хонда мешавад.
Аммо гўш кардани ин хутба мисли хутбаи ҷумъа воҷиб аст ва корҳои хилофи он ҷоиз нест.

Вақти намози ид

Вақти намози идайн аз баланд шудани офтоб, яъне аз замоне ки хондани намоз ҷоиз мешавад, то заволи офтоб аст.

Тарзи адои намози ид

Тамоми шароите, ки барпо намудани намози ҷумъа ба онҳо бастагӣ дошт, барои баргузории намози идайн ҳам лозим мебошанд, ба ғайр аз хутба, ки он дар намози идайн суннат буда ва баъд аз адои ду ракъат намоз хонда мешавад.

пешина
аз 190
навбатӣ