РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Вақте фориғ шуд, фуруд
омад ва ба назди занон рафт ва онҳоро панд дод…».236
Шоёни зикр аст, ки ин ду ид ба ҷои тамоми идҳо,
ҷашнҳо, ёдвораҳо ва муносибатҳои фароғатие, ки мардум дар даврони ҷоҳилият доштанд, аз сўи Худованд ба
мусалмонон эҳдо гардидаанд. Ривоят шудааст, ки «Расули Худо (с) вақте ба Мадина омад, мардуми он ҷо ду
рўзи хушию бозӣ ва иду шодмонӣ доштанд. Пурсид: Инҳо
чӣ рўзеанд? Гуфтанд: Дар замони ҷоҳилият дар ин ду рўз
бозию хушӣ мекардем. Расули Худо (с) фармуд: Худованд
онҳоро барои шумо ба ду рўзи беҳтаре – рўзи (иди) Азҳо
ва рўзи (иди) Фитр – табдил намуд».237
Аҳкоми намози ид
Ҳар гоҳ узре пеш ояд ва натавонанд дар рўзи ид намози иди Фитрро ба ҷо оваранд, фардои он рўз онро адо менамоянд ва агар дар рўзи дуюм ҳам узре ба миён омада, монеъ аз баргузории намози ид гардад, дигар наметавонанд онро дар рўзи сеюм адо намоянд.
Аммо намози иди Қурбонро метавонанд то рўзи сеюм адо намоянд, хоҳ узре пеш омада бошад, хоҳ не, аммо таъхири он бе узр кароҳият дорад.
Ҳар гоҳ намози идайн қазо шавад, дигар онро қазо хонда намешавад, зеро намози идайн қазо надорад.
Намози идайн азону қомат надорад, балки мустаҳаб аст онро ба ин тариқ эълон намоянд: «Ассалоту ҷомиъатун».
Ҳангоми рафтан ба намозгоҳ мустаҳаб аст дар роҳ бо садои баланд такбири ташриқ гўянд.
236 Саҳеҳи Бухорӣ, 958, 961, 978; Саҳеҳи Муслим, 2044 (885)-3. Аз Ибни Аббос (р) низ ҳадисе ба ин маъно ривоят шудааст.
237 Сунани Абўдовуд, 1134; Сунани Насоӣ, 1557.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё