РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Одоб ва суннатҳои рўзи ид
Рўзҳои ид рўзҳои покизагию озодагӣ, шодмониву фароғат ва анҷоми амалҳои башардўстона мебошанд. Бинобар ин, шахси мусалмон дар он рўз бояд баландтарин одоби муошират ва меъёрҳои ахлоқи шаръиро риоя намояд.
- Дар рўзҳои ид корҳои зерин суннат мебошанд: 1.
Ғусл намудан, 2. мисвок кардан, 3. беҳтарин либосҳои худро пўшидан, 4. атру хушбўӣ задан, 5. субҳ барвақт аз хоб бархестан, 6. ба идгоҳ зуд рафтан, 7. дар иди Фитр пеш аз рафтан ба намозгоҳ бо чизе даҳон ширин намудан,238 8.
закот (садақа)-и Фитрро пеш аз намоз пардохтан,239 9. дар иди Қурбон хўрданро то адои намоз ба таъхир гузоштан ва агар қурбонӣ дошта бошанд, аз он хўрдан.240 10. намози идро дар идгоҳ хондан, 11. аз роҳе ба намозгоҳ рафта ва аз роҳи дигаре баргаштан,241 12. пиёда ба намозгоҳ рафтан, 13. дар роҳ рўзи иди Фитр такбирро оҳиста гуфтан, 14. дар рўзи иди Қубон такбирро баланд гуфтан. - Дар идгоҳ гузоридани намози дигаре пеш ё баъд аз намози ид макрўҳ аст.
238 Аз Анас (р) ривоят шудааст, ки «Расули Худо (с) дар рўзи иди Фитр то чанд хурмое намехўрд, (ба намоз) намебаромад». (Саҳеҳи Бухорӣ, 953; Сунани Ибни Моҷа, 1754).
239 Ибни Аббос (р) мефармояд: «Расули Худо (с) закот (садақа)-и Фитрро барои покии шахси рўзадор аз беҳудагӣ ва дигар ҳарзакориҳо ва барои ғизои бенавоён фарз гардонидааст. Касе онро пеш аз намоз (-и ид) адо намояд, он закоти пазируфташуда аст ва касе онро баъд аз намоз адо намояд, он садақае аз садақот мебошад». (Сунани Абўдовуд, 1609; Сунани Ибни Моҷа, 1827).
240 Дар ривояти дигар омадааст: «Расули Худо (с) дар рўзи иди Фитр то намехўрд, (ба намоз) намебаромад ва дар рўзи иди Наҳр (Қурбон) то (аз намоз) барнамегашт, намехўрд». (Сунани Тирмизӣ, 542; Сунани Ибни Моҷа, 1756).
241 Аз Ҷобир (р) ривоят шудааст, ки: «Паёмбар (с) дар рўзи ид роҳи (рафту) баргашташро (аз намоз) иваз мекард». (Саҳеҳи Бухорӣ, 986; Сунани Тирмизӣ, 541).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё