Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

САДАҚАИ ФИТР

Заҳмати ин рӯзаро бошад натоиҷ беадад,
Меҳнати ин рӯзаро бошад фавоид бешумор.
Бохабар гардад ғанӣ аз меҳнату ранҷи фақир,
Мутталеъ гардад саҳеҳ аз ҳолати шахси низор.
Фитру ифтору иноятро бапо дорад ғанӣ,
Раҳму инсофу мурувватро кунад ин маҳ шиор.
(Хуррами Шерозӣ, Девони ғазалиёт)

адақаи Фитр закоти саронае мебошад, ки шахси мусалмон пас аз хотимаи моҳи Рама-С зон барои ҷуброни норасоиҳо ва кўтоҳиҳои худ дар аснои рўзаи ин моҳ ва ҳамчунин барои дасгирӣ ва кўмаки бенавоён дар рўзи ид онро пардохт менамояд.
Садақаи Фитр идомаи барномаи такофули иҷтимоӣ дар Ислом мебошад, ки ба сурати барҷаста ва бо шукўҳи хосе дар рўзи иди Рамазон амалӣ мегардад. Дар он рўз мусалмонон бори дигар дар хотимаи моҳи Рамазон ихлосу садоқат ба арзишҳои дини Ислом, сатҳи баланди худсозӣ, маърифати динӣ ва таассуроти инсонии худро дар зарфи як моҳи рўза ва ҳамин тавр намунае аз ҳамбастагию такофули иҷтимоии хешро ба намоиш мегузоранд ва ба ниёзмандони ҷомеа бо номи садақаи Фитр дасти навозиш дароз мекунанд.
Садақаи Фитр сабаби погизагии нафси инсон аз баъзе беҳудагиҳо ва плефтагиҳое мебошад, ки имкон дорад гоҳо рўзадорон дар моҳи Рамазон ба он олуда шуда бошанд. Ҳамчунин, камбағалон ва қишри ниёзманди ҷомеа лоақал дар рўзҳои ид аз хўрок ва эҳтиёҷоти муносибе баҳраманд мегарданд.
Ибни Аббос (р) ривоят мекунад, ки «Расули Худо (с) закоти Фитрро барои пок гардидани рўзадор аз беҳудагӣ ва бадсуханӣ ва ҳамчунин барои фароҳам гардидани ғизои муносибе барои ниёзмандон фарз гардонидааст.

пешина
аз 190
навбатӣ