РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Такбири ташриқ
Такбири ташриқ пас аз фарзи намози бомдоди рўзи нўҳуми зулҳиҷҷа – рўзи Арафа шурўъ мешавад ва баъд аз намози асри рўзи сездаҳум ба поён мерасад. Як бор гуфтани такбири ташриқ бар ҳар намозгузор пас аз ҳар намози фарзӣ фавран воҷиб аст, зан бошад ё мард, бо ҷамоат намоз бихонад ё танҳо.
Пас аз намози фарз фавран такбир гуфта мешавад.
Занҳо такбирро оҳиста мегўянд. Пас аз намози ид низ гуфтани такбир воҷиб аст. Такбири ташриқ муддати панҷ рўз ё пас аз бисту се вақт намоз гуфта мешавад.
Такбири ташриқ ин аст:
«Аллоҳу акбару, Аллоҳу акбар, ло илоҳа иллаллоҳу валлоҳу акбар, Аллоҳу акбару ва лиллоҳи-л-ҳамд».
Агар имом такбироти ташриқро фаромўш кунад ҳам, муқтадӣ бояд такбир гўяд.
Такбири ташриқ зикр ва замзамаи ёди Худо дар рўзи шодмонист, ки бандагон онро ба бузургдошти Парвардигорашон бо садои баланд вирди идонаи худ мегардонанд ва ба таври бошукўҳе шукри неъматҳои Ўро ба ҷой меоваранд. Гуфтани такбири ташриқ пас аз намозҳои фарзӣ воҷиб буда бошад ҳам, вале он вирди идонаи мусалмонҳост, ки замзамаи он сари ҳар қадам ва дар ҳар нишасту бархост хуб ва шаръан писандидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё