Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Маънои фитр

Вожаи фитр аз решаи «фатара» ва «фатр» ва дар луғат ба маънои шикоф, таркиш ва кафидагӣ ва ҳамчунин ба маънои масдар: шикофтан, таркиш ба амал овардан ва ғайра мебошад. Ин калима дар ояти 3-юми сураи Мулк «Пас дида (-и худ)-ро бозгардон, оё дар он ҳеҷ шикофе мебинӣ?», ояти 1-уми сураи Инфитор «Вақте осмон шикофта шавад» ва чандин ояти дигар ба ин маъно омадааст. Он дар истилоҳи шаръ ба маънои хотима додан ба рўза ва хўрдан аст.
Иди Фитр ба ин маъност, ки рўзаи моҳи Рамазон ба поён расида, мавсими даҳон кушодан ва баҳрамандӣ аз неъматҳо фаро расидааст. Садақаи Фитр низ барои он чунин номгузорӣ шудааст, ки дар поёни моҳи Рамазон бароварда мешавад ва он шукронае барои неъмати бандагӣ ва тавфиқи Худованд дар анҷоми моҳи Рамазон ба шумор меравад.

Садақаи Фитр бар кӣ воҷиб аст?

Пардохти садақаи Фитр бар ҳар касе, ки дорои шароити зерин бошад, фарз аст:

  1. Мусалмон бошад.
  2. Озод бошад.
  3. Соҳиби нисоб бошад (ба ғайр аз махориҷи мавриди ниёз), яъне шахсе ба он андоза молу сарват дошта бошад, ки баровардани закот бар вай воҷиб гашта бошад ва ё агар чунин набуда, илова бар заруриёти зиндагӣ ва эҳтиёҷот рўзмарраи худ, чандон васоил ва имконоти моддӣ дар ихтиёр ва мулки хеш дошта бошад, ки арзиши онҳо баробари саду чиҳил мисқол нуқра бошад. Бар як чунин шахсе садақаи Фитр воҷиб мегардад, хоҳ моли тиҷорат бошанд ё не, сол бар онҳо гузашта бошад ё не.
  • Шахсе дорои хона ё васоиле аст, ки агар фурўхта ва ё қиматгузорӣ шаванд, арзиши онҳо зиёд аст, вале худаш ба онҳо ниёз дорад, то аз иҷораи онҳо зиндагиашро таъмин намояд ва васоил низ мавриди эҳтиёҷи худаш ҳаст, бар чунин шахсе садақаи Фитр лозим намешавад.
    Аммо, агар ду манзил дошта бошад ва якеро ба иҷора диҳад, ҳарчанд заруриёти зиндагии худро аз даромади иҷораи он бароварда созад ҳам, садақаи Фитр бар вай воҷиб мешавад, зеро хонаи дуюм зиёда бар заруриёти зиндагияш ба шумор меояд.
  • Шахсе дорои васоил ва хонаи изофа бар заруриёти рўзмаррааш бошад ва дар айни ҳол қарздор ҳам бошад, дар ин сурат баъд аз канор гузоштани ҳиссаи қарз, агар ба андозаи закот боқӣ бимонад, садақаи Фитр бар вай воҷиб мешавад.
  • Садақаи Фитр баъд аз дамидани субҳи рўзи ид воҷиб мешавад. Бинобар ин, агар шахсе пеш аз дамидани субҳ даргузарад ё баъд аз дамидани субҳ ба дунё ояд, садақаи Фитр бар он ду воҷиб намешавад. Тифле пеш аз дамидани субҳ ба дунё ояд, дар сурате ки падараш дорои шароити закот бошад, бар вай лозим аст, ки аз тарафи тифлаш низ садақаи Фитр диҳад.
  • Садақаи Фитр закоти саронае мебошад, ки шахси мусалмон бояд онро аз ҷониби тамоми одамоне, ки дар зери кафолат ва сарпарастии ў қарор доранд, пардохт намояд. Бинобар ин, онро аз тарафи худаш, фарзандони хурдсолаш ва хидматгоронаш, ҳарчанд кофир бошанд ҳам, пардохт менамояд. Зан бояд худаш садақаи Фитрашро бидиҳад ва агар шавҳараш аз ҷониби вай онро пардохт намояд, ҷоиз аст. Фарзандони хурдсол низ агар молу сарват дошта бошанд, садақаи Фитр аз моли худашон бароварда мешавад.
пешина
аз 190
навбатӣ