Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Миқдори садақаи Фитр

Садақаи Фитр аслан бояд аз навъҳои ғаллагӣ ва он хўроквориҳое, ки дар ҳадиси Расули Худо (с) зикр шудаанд ва ё аз навъи хўроки маъмулии мардуми ҳар сарзамин бароварда шавад. Аз Абўсаъиди Худрӣ (р) ривоят шудааст, ки «Дар замоне, ки Расули Худо (с) дар байни мо буд, садақаи Фитрро аз ҷониби хурду бузург ва озоду банда ба миқдори як соъ қурут ё як соъ таом ё як соъ ҷав ё як соъ хурмо ва ё як соъ мавиз пардохт мекардем.
Ҳамеша инро мепардохтем, то он ки Муъовия ба мақсади анҷоми ҳаҷ ва ё умра бар мо қудум овард. Вай аз минбар бо мардум сухан гуфт ва аз ҷумла фармуд: Ман ду 246 муд самро (гандум)-и Шомро баробари як соъ хурмо мебинам. Пас аз он мардум ин раъйро гирифтанд, вале ман бошам, то вақте зиндаам, онро ба ҳамон сурате ки қаблан пардохт мекардам, пардохт менамоям».247 Миқдори садақаи Фитр бар асоси мазҳаби ҳанафӣ барои ҳар нафар дар ҳисоби гандум ва орди гандум ним соъ ва дар ҳисоби ҷав, хурмо, мавиз ва монанди онҳо як соъ аст. Агар аз навъи хўроквории маъмулии мардум, ба монанди биринҷ, наск, лубӣ, нахўд ва ғайра бароварда шавад, бояд қиматаш бо қимати ним соъ гандум баробар бошад.
Дар назди ҷумҳури аҳли суннат садақаи Фитр аз гандум низ як соъ аст. Далели машоихи ҳанафӣ бар ин ки аз гандум нисфи соъ аст, ҳадисе мебошад, ки аз Абдуллоҳ ибни Саълаба аз падараш ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) фармуд: «(Садақаи Фитр) соъе аз гандум аст бар сари ду нафар: хурд бошад ё бузург, озод бошад ё банда, зан бошад ё мард…».248 Як соъи набавӣ тақрибан ба ду килову чил (2,40) ё ду килову яксаду панҷовушаш (2,156) ва ё ба ду килову дусаду панҷоҳ (2,250) грамм баробар аст.

246 Муд(д) паймонаи санҷиш ва воҳиди ченаки маводи ғалладонагӣ ва баъзе навъҳои хўрокӣ аст, ки андозаи он баробари ду каф (мушт)-и одами миёна мебошад. Он ба ду ратли ироқӣ ва як ратлу сеяки ратли ҳиҷозӣ, яъне рубъи соъ баробар аст. Соъ воҳиди вазн ва паймонаест баробари чаҳор муд(д) ва ё ҳашт ратли ироқӣ ва панҷ ратлу сеяки ратли ҳиҷозӣ.
247 Саҳеҳи Бухорӣ, 1508; Саҳеҳи Муслим, 2281 (985)-18; Сунани Абўдовуд, 1616.

пешина
аз 190
навбатӣ