Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

ҚУРБОНӢ

Ҳумоюну муборак бод иди рӯзадоронаш,
Чу иди рӯзадоронаш муборак бод қурбонаш!
(Амир Муиззӣ)

урбонӣ кардан савоби бисёре дорад. Паёмбари акрам (с) фармудааст: «Дар рўзи иди Қур-Қ бон (пас аз ибодатҳои фарз) ҳеҷ ибодате ба даргоҳи илоҳӣ ба андозаи рехтани хуне (қурбонӣ кардан) мақбулу писандида нест…».253 Пеш аз расидани қатраҳои хуни ҳайвони забҳгашта ба замин, қурбонии шумо мақбули даргоҳи Парвардигор мегардад. Аз ин рў, бандаи мўъмин бояд бо дили пургунҷоиш (кушода) ва шавқи некӣ қурбонӣ намояд. Паёмбари акрам (с) низ фармуда: «Қурбоникунанда ба андозаи мўйҳои ҳайвони забҳгашта савоб мегирад».254 Пас барои ба даст овардани чунин савобе шахсе, ки ҳанўз қурбонӣ бар вай воҷиб нагаштааст, агар қурбонӣ кунад, корест бас накў.
Қурбонӣ яке аз бошукўҳтарин шиорҳои Ислом дар рўзи иди Қурбон буда, дар пешгоҳи Худованд аз пурарзиштарин аъмол ба шумор меравад. Аз ин рў, дар Қуръони карим дар канори намоз зикр гардидааст, он ҷо ки мефармояд: «Пас барои Парвардигорат намоз бигузор ва қурбонӣ кун!».255 Дар таълимоти суннати набавӣ то ҷое ба ин шиори рўзи ид тавсия шуда, ки ҳузур дар намози идро бе қурбонӣ барои шахси дорои шароит ҷоиз надонистааст.

252 Қурбонӣ -/ҳо/. дин: ба маънои ҳайвоне аст, ки онро барои ба даст овардани ризои Худо ва наздикӣ ба Ў қурбон мекунанд. Онро дар истилоҳи уламои фиқҳ узҳия мегўянд, ки он низ ба маънои ҳайвони қурбонӣ аст.
253 Сунани Тирмизӣ, 1493; Сунани Ибни Моҷа, 3126. Дар идомаи ҳадис омадааст: «…Рўзи қиёмат ҳайвони қурбонӣ ҳамроҳи шохҳо, пашмҳо ва сумҳояш дар ҳисоби некиҳои шахс бармеояд. Хуни қурбонӣ пеш аз он ки ба замин бирезад, дар ҷойгоҳе дар пеши Худованд қарор мегирад. Пас бо хотири шод қурбонӣ намоед!».
254 Сунани Тирмизӣ, 1493; Сунани Ибни Моҷа, 3127.
255 Сураи Кавсар, 108: 2.

пешина
аз 190
навбатӣ