Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Садақаи Фитр дар ҳамон ҷое, ки худи инсон дар рўзи ид буда бошад, бароварда мешавад. Аз Муҳаммад ибни Ҳасан (рҳ) ривоят шудааст, ки закоти мол дар он ҷое, ки мол аст, бароварда мешавад ва закоти Фитр дар он ҷое, ки соҳиби мол аст.251 Зеро садақаи Фитр аксаран ба сурати ғаллагӣ ва маводи хўрокворӣ бароварда мешавад ва интиқоли он ба ҷои дигар хароҷот ва вақти зиёдро талаб мекунад ва шояд боиси фавт гардидани он аз вақташ шавад. Ба ҷуз мавридҳои истисноие, ки дар боби интиқоли закот ба ҷои дигар зикр шудаанд.

Барқи хошоки гунаҳ рӯзаи тобистон аст,
Дуди ин оташи ҷонсӯз беҳ аз райҳон аст.
Метавон ёфт зи сӣ пораи моҳи рамазон,
Ончи з-асрори илоҳӣ ҳама дар Қуръон аст.

Ҳаст дар ғунчалаби бастаи ин моҳ ниҳон,
Гулситоне, ки насимаш нафаси Раҳмон аст.
Машав аз иззати ин меҳри илоҳӣ ғофил,
Ки дар ин меҳр беганҷ гуҳар пинҳон аст!

Мекунад рӯзаи моҳи рамазон умр дароз,
Мадди инъом дар ин дафтару ин девон аст.
(Соиби Табрезӣ, Девони ғазалиёт, 685)

251 Бадоеъу-с-саноеъ. – Ҷ. 4. – С. 136; Тўҳфату-л-фуқаҳо. – С. 161.

пешина
аз 190
навбатӣ