РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Инна салотӣ ва нусукӣ ва маҳёя ва мамотӣ лиллоҳи рабби-лъоламин. Ло шарика лаҳу ва бизолика умирту. Ва ана мина-л-муслимин. Аллоҳумма, минка ва лака».
«Ба таҳқиқ, ман рўи хешро ба сўи он Зоте намудам, ки осмонҳо ва заминро биофарид, покона (ва ба сўи ҳақ рўй оваранда) ва ман аз ҷумлаи мушрикон нестам. Ҳаққо, ки намозу парастишҳо ва зиндагониву маргам ҳама барои Худо – он Парвардигори ҷаҳониён аст, ки шарике онро набошад. Ва ба ҳамин (асл) амр шудаам ва ман аз ҷумлаи бандагони мусалмон ҳастам. Бор Худоё! Ин қурбонӣ аз Ту ва барои ризои Ту мебошад!».261 Он гоҳ «Бисмиллоҳи валлоҳу акбар» гуфта, онро забҳ намояд.262 Пас аз забҳ ин дуъоро бихонад: «Аллоҳумма, тақаббалҳу миннӣ, камо тақаббалта мин ҳабибика Муҳаммадин (с) ва халилика Иброҳима». (Бор Худоё! Ин қурбониро аз ман бо ҳамон дастуре, ки аз дўстдошта ва дўсти Худ ҳазрати Муҳаммад (с) ва ҳазрати Иброҳим (ъ) қабул фармудӣ, қабул бифармо!).
Ҳукми қурбонӣ
Қурбонӣ дар назди ҷумҳури аҳли суннат суннати муаккада ва дар имом Абўҳанифа, имом Муҳаммад ва дар қавле аз имом Абўюсуф воҷиб аст. Он бар шахсоне, ки садақаи Фитр бар онҳо воҷиб буд, воҷиб аст. Шахсе, ки бар вай қурбонӣ воҷиб нагаштааст, агар қурбонӣ кунад, кори накў ва аҷри беҳисобе касб менамояд.
Шартҳои вуҷуби қурбонӣ иборатанд аз: а) Ислом, б) озодӣ (дар қайди ғуломӣ набудан), в) ғино (боигарӣ)263 ва г) иқома (муқим будан – дар ҳолати сафар қарор надоштан)264 ва шартҳои сиҳҳат (дуруст гардидан)- и он иборатанд аз ин ки: а) чорвои қурбонӣ аз ҷумлаи баҳимаи анъом – шутур, гов ва бузу гўсфанд бошад, б) синнаш барои қурбонӣ расида бошад ва в) аз айбҳо ва бемориҳое, ки аз сўи шаръ зикр шудаанд, солим бошад.
Пас қурбонӣ, ба монанди садақаи Фитр, бар шахси кофир, ғулом, камбағал ва шахси мусофир воҷиб нест, ҳамчунин забҳи ғайри баҳимаи анъом, ба монанди мурғ, харгўш ва ғайра ё забҳи чорвое, ки ба синни қурбонӣ нарасида ва ё айбҳои ошкоре дар он буда бошад, барои қурбонӣ ҷоиз нест.
Шарти дигари дуруст гардидани қурбонӣ ният аст, ки ба шахси қурбоникунанда тааллуқ дорад. Аъмол ва қурбатҳо аз назари шаръ бе ният дуруст ва пазируфта намешаванд. Бинобар ин, шахси қурбоникун бояд аз байни анвои қурбатҳое, ки ба забоеҳ бастагӣ доранд, нияти худро барои қурбонӣ ё дар вақти харидорӣ ва ҷудо намудани чорво ва ё ҳангоми забҳи он муайян созад.
261 Сунани Абўдовуд, 2795. Дар Сунани Абўдовуд омадааст, ки: «Паёмбар (с) дар рўзи иди қурбон ду қўҷқоре… забҳ кард ва вақте онҳоро рўй ба қибла хобонд, ин дуъоро хонд».
262 Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) ривоят шудааст, ки: «Расули Худо (с) ҳангоми забҳи қурбонӣ гуфт: Бисмиллоҳи валлоҳу акбар. Ин аз ҷониби худам ва ҳар касе аз умматам, ки қурбонӣ накардааст». Сунани Абўдовуд, 2810; Сунани Тирмизӣ, 1521.
263 Манзур аз ғино дар ин ҷо он дараҷае аз дороист, ки садақаи Фитр бо вуҷуди он бар шахс воҷиб мегардад.
264 Бар асоси назароти машоихи ҳанафӣ қурбонӣ бар шахси мусофир воҷиб нест, агарчи пеш аз баромадан ба сафар чорвое барои он харидорӣ карда бошад. Баъзе машоих масъаларо чунин баррасӣ карда, ки агар шахси доранда – бой пеш аз сафар чорвое барои қурбонӣ харидорӣ кунад, сафараш хоҳ пас аз фаро расидани вақти вуҷуби он – дамидани субҳи рўзи наҳр (ид) сурат гирад ва ё пеш аз он, забҳи он бар вай воҷиб нест, зеро бар чунин шахсе аз назари шаръ як қурбонӣ воҷиб аст ва сабаби вуҷуби он муқим будан дар охирин ҷузъи вақти пешбинишуда барои он аст, ки аз шахси мусофир фавт гаштааст. Вале агар шахс нодор – камбағал бошад, забҳи он пас аз харидорӣ ба вай воҷиб мегардад, хоҳ пеш аз фаро расидани вақти вуҷуби он ба сафар баромада бошад ва ё пас аз он, зеро таъйини он барои қурбонӣ бо харидаш собит мешавад ва он барои вай дар ҳукми назр аст, бинобар ин, забҳаш бар вай воҷиб аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё