Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Вақти қурбонӣ кардан

Дар моҳи зулҳиҷҷа аз аввали бомдоди рўзи даҳум
то шоми рўзи дувоздаҳум – дар зарфи се рўзи иди Азҳо
қурбонӣ кардан ҷоиз аст, хоҳ шаб бошад ё рўз. Вале дар
рўзи даҳум, ки аввали вақт аст, беҳтар аст, зеро шитоб
дар кори хайр шаръан писандида аст. Худованд мефармояд: «Ба сўи корҳои хайр сабқат намоед!».265
Дар шаҳрҳо ва он ҷойҳое, ки хондани намози ид воҷиб мебошад, дар мазҳаби Абўҳанифа (рҳ) пас аз баргузории маросими намози ид қурбонӣ кардан афзал аст ва дар
ҷойҳое, ки намози ид ҳануз бар аҳли онҳо воҷиб нагардида, ба монанди деҳаҳои хурду дурдаст ва рустоҳои камодам, пас аз дамидани субҳи рўзи даҳум қурбонӣ кардан ҷоиз аст.266 Дар ривоятҳои зиёде омадааст, ки забҳи пеш аз намоз қурбонӣ ба шумор намеравад. Паёмбар (с) мефармояд: «Аввалин ибодате, ки рўзи идамонро бо он шурўъ мекунем, он аст, ки намозро мегузорем. Пас аз он бармегардем ва қурбониамонро забҳ менамоем. Касе чунин кунад,
суннатро дарёфтааст ва касе пеш аз намоз забҳ намояд, он қурбонӣ нест, балки гўште аст, ки бо шитоб барои хонаводааш тақдим намудааст».267 Дар ривояти дигар омадааст: «Касе пеш аз намоз забҳ карда бошад, ба ҷои он қурбонии дигаре забҳ намояд ва касе ҳанўз забҳ накарда бошад, пас бо номи Худо қурбониашро забҳ намояд».268

265 Сураи Бақара, 2: 148.
266 Вақти вуҷуби қурбонӣ бо дамидани субҳи рўзи иди Қурбон дар ҳама ҷо – шаҳру деҳот ба таври яксон фаро мерасад, вале вақти вуҷуби адои он барои сокинони шаҳрҳо, шаҳракҳо, марказҳои маъмурии ҷамоати деҳот ва ҷойҳое, ки дар онҳо намози ид барпо дошта мешавад, пас аз баргузории намози ид аст ва пас аз хутба авло аст.
267 Саҳеҳи Бухорӣ, 951, 955, 965, 968, 976; Саҳеҳи Муслим, 5042 (1961)-4, 5043 (…)-5, 5044 (…)-6; Сунани Абўдовуд, 2800, 2801; Сунани Тирмизӣ, 1508; Сунани Насоӣ, 1562, 1569.
268 (Саҳеҳи Бухорӣ, 985, 5500; Саҳеҳи Муслим, 5037 (1960)-1, 5041 (…)-3; Сунани Насоӣ, 441, 4380; Сунани Ибни Моҷа, 3152).

пешина
аз 190
навбатӣ