Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Пас аз сечаҳор рӯз бӯи даҳон бартараф мешавад, кислотаи урик дар таркиби пешоб коста мешавад ва одам дар худ эҳсоси сабукӣ ва хушҳолӣ мекунад.

Тибби виқоӣ дар Ислом286

Ҳифз ва нигаҳдошти инсон аз назари ҷисмӣ, рўҳӣ, ақлӣ ва ахлоқӣ муҳимтарин асл ва яке аз ҳадафҳои бунёдии қонунгузориро дар маҷмўаи фиқҳи исломӣ ташкил медиҳад. Зеро ҳам аз дидгоҳи шаръ ва ҳам аз мавқеи илмӣ хуб собит шудааст, ки ҷисми инсон аз ҳар чиз ва ё ҳолате мутаассир гардад, он дар маҷмўи рўҳиёти ў таъсир мегузорад ва ақли солим дар ҷисми солим парвариш меёбад ва шахси тавоно вазифаҳои шаръӣ ва аъмоли худро дар зиндагӣ аз одами заъиф беҳтар анҷом медиҳад. Паёмбар (с) бо дарназардошти ҳамаи инҳо мефармояд: «Мўъмини тавоно дар назди Худо аз мўъмини заъиф беҳтар ва маҳбубтар аст ва дар ҳар кадоми онҳо хайр вуҷуд дорад…».287 Вақте мо ба амрҳо ва тавсияҳои Ислом дар бораи тағзияи солим, ҳифзи покизагӣ ва риояи суннатҳои фитрат, манъи пурхўрӣ, манъи маводи мухаддир ва анвоъи мускирот, таҳрими гўшти худмурда, хун ва гўшти хук дақиқтар менигарем, дар онҳо ҳадафҳои олии Ислом дар ҳифзи беҳдошти ҷисмонии инсон ва тадбирҳои пешгирикунанда (тибби виқоӣ)-ро ба хубӣ мушоҳида менамоем.
Вақте тавсияҳои мукаррари Исломро дар бораи покизагии ахлоқӣ, дурӣ аз муҳитҳои олуда ба фасод, худдорӣ аз зино ва тардоманӣ ва амрҳои қатъии онро дар бораи ҳифзи чашм аз нигоҳҳои шаҳватолуд, риояи сатри динӣ, худдорӣ аз намоиши ҳусну зебоии худ ва аз ҳар гуна ҳаракатҳои машбуҳ ва аз омезиши марду зани бегона (номаҳрам) ва ғайра бо тааммул мавриди баррасӣ қарор медиҳем, эҳтимоми дини Исломро ба ҳифзи покизагии ахлоқии ҷомеа, покизагии наслҳо, ҳимояи генофонди миллӣ ба таври равшан дарк менамоем ва дар онҳо тадбирҳои пешгирикунандаеро мушоҳида менамоем, ки ҷомеаи исломиро дар дарозмуддат аз бемориҳои вогир ва он касалҳое, ки ба бемориҳои аср шинохта мешаванд ва имрўз домангири ҷомеаҳои ахлоқан бебандубор гардидаанд, ҳифз намудаанд.

286 Тибби виқоӣ ва ё пешгирикунанда ба маҷмўаи тадорукоти тиббӣ ва тадбирҳои иҷтимоие гуфта мешавад, ки барои пешгирӣ аз омилҳои интишори касалҳо, ангезандаҳои беморзо ва таҳкими саломатиии мардум равона гардидааст.
287 Саҳеҳи Ибни Ҳиббон, 5692. – С. 982.

пешина
аз 190
навбатӣ