РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Ҳатто намоз, ки болотарин мазҳари покизагӣ ва нуқтаи пайванди банда бо Худо аст, аз назари равоншиносии динӣ дар таскини асабҳо, бартараф сохтани дардҳо, изтироботи ботинӣ ва парешониҳо, зудудани ғамҳо ва рехтани оромиш бар қалби инсон василаи муассире ба шумор меравад. Расули Худо (с) мефармояд:
«Эй Билол, намозро барпо дор ва моро бо он роҳат ва оромиш бахш».288 Рўза яке аз паҳновартарин бобҳо дар ин замина буда, ба ҷисму рўҳ ва ақли инсон нерўи масуният ва ҳамзамон ба қалби ў тақво ва ҳештандорӣ мебахшад, умри мавҷуди зиндаро дароз ва нашоту фаъолияти зеҳнӣ ва узвӣ (органикӣ)-и онро афзун мегардонад. Рўза ҳамин тавр дар таҷдид ва фаъол сохтани бофтаҳои бадан, ба хусус ғадудҳое, ки фаъолияти органикии онҳо нашъу намо ва бинои ҷисм ва ба танзим даровардани коркарди ҳазм аст, таъсири босазое дорад.
Барбанд даҳон аз нон, к-омад шакари рӯза,
Дидӣ ҳунари хӯрдан, бингар ҳунари рӯза!
Гар рӯза зарар дорад, сад гуна ҳунар дорад,
Савдои дигар дорад савдои сари рӯза.
288 Сунани Абўдовуд, 4985. Манзур аз барпо доштани намоз дар ин ҷо гуфтани қомат аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё