Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Борик кунад гардан, эман кунад аз мурдан,
Тухма289 асари хӯрдан, мастӣ асари рӯза.
Сӣ рӯз дар ин дарё по сар куниву сар по,
То даррасӣ, эй мавло, андар гуҳари рӯза.
(Мавлоно, Девони Шамс)

Барномаи ибодатҳо, тавсияҳои ахлоқӣ ва маҷмўаи гаронбаҳои фиқҳӣ дар Ислом илова бар он ки ибодат ва робитаи банда бо Худо, муносибатҳои фимобайни мардум ва фаъолиятҳои иҷтимоии онҳоро ба танзим медароранд ва илова бар ҳикматҳои гуногуне, ки дар онҳо нуҳуфтааст, ба таври барҷастае хусусияти тибби виқоиро низ доро мебошанд.

Шаш рўзе аз моҳи шаввол

Барои пешгирӣ аз чунин пешомаде Паёмбар (с) ба рўза доштани шаш рўзи моҳи шаввол низ тавсия намудааст. Албатта, рўза доштани он фарз ва ҳатмӣ намебошад, вале барои инсон аҷру савоб ва фоидаҳои фаровонеро ба ҳамроҳ дорад. Расули Худо (с) мефармояд: «Касе моҳи Рамазонро рўза дорад ва пас аз он шаш рўзи шавволро низ ба он тобеъ намояд, он ба мисли рўзаи даҳр (тамоми умр) бошад».290 Вале шарт нест, ки он шаш рўз дар аввали моҳ ва бевосита пас аз рўзи ид рўза дошта шавад, балки доираи амал ба он васеъ мебошад. Дар баъзе кишварҳо рўзҳои аввали моҳ ба муносибатҳо, барномаҳо ва маҳфилҳои идона бахшида мешаванд. Пас метавонад баъдтар низ шаш рўзе аз он моҳро рўза дорад.

289 Тухма сахтшавӣ ва ё гирифтани меъда, суиҳазм, бадҳазмӣ аз бисёр хӯрдан, туршшавии меъда ба сабаби ҳазм накардани таом.
290 Саҳеҳи Муслим, 2750 (1164)-204; Сунани Абўдовуд, 2433; Сунани Тирмизӣ, 759; Сунани Ибни Моҷа, 1716.

пешина
аз 190
навбатӣ