РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Ҳадафи рўза
Умуман, тамоми ибодатҳо ва аҳкому аркони Ислом барои як мақсади асосӣ ва муҳим ҷорӣ шудаанд ва он ба вуҷуд овардани тақвои илоҳӣ дар ҷавҳари шахсияти инсон мебошад. Пас аз эҷоди таҳаввули мусбат ба сўи худошиносӣ дар афкору андешаи одамӣ ва бо паймудани марҳалаҳои гуногуни поксозии нафс, тазкияи рўҳ ва худсозии шахсият банда ба меҳвари тақвои илоҳӣ наздик мегардад. Тақво меваи имон аст. Ҳар қадаре имон ва боварҳои эътиқодии банда дуруст ва мустаҳкам гарданд, тақвояш низ бештар ва беҳтар мегардад. Ибодатҳо ва аҳкоми илоҳӣ дар тарҳи худсозӣ ва такомули шахсияти инсон коромадтарин василаи илоҳӣ мебошанд.
Дар хотимаи тамоми оятҳое, ки фарзияти ибодатҳо ва ё машрўияти аҳкомро баён медоранд, ба ибораҳои «лаъаллакум таттақун» (то тақво намоед) ва монанди он бармехўрем. Ин ибораҳо ҳадафи машрўият ва фарзияти ибодатҳои илоҳӣ ва аҳкоми шариатро баён менамоянд, ки он ба вуҷуд омадани малакаи тақво дар ботини инсон мебошад. Тақво ин ҳамон нерўи илоҳӣ ва виҷдони имонӣ дар ботини инсон аст, ки шахсияти ўро дар тамоми муносибатҳои зиндагӣ идора ва танзим менамояд. Одамиро ба некиҳо ҳидоят ва аз бадиҳо боз медорад. Дар фитрати вай решаҳои одамият, дарки зебоишиносӣ ва ҳисси масъулиятнокиро устувор мегардонад ва инсонро одами шукргузор месозад.
Қуръони карим дар хотимаи ояти фарзияти рўза ҳадафи аслӣ ва ҳикмати фарз гардидани ин барномаи ибодатиро низ ба вуҷуд омадани малакаи тақво, ҳисси парҳезгорӣ ва виҷдони худошиносонаи инсонӣ дар қалби шахси рўзадор гуфтааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё