Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Худованд бо поягузории барномаҳои ибодатӣ ва низоми комили худопарастӣ мехоҳад дар ботини инсон ҳисси баланди хештаншиносӣ, завқи зебоипарастӣ ва салиқаи камолхоҳиро таҳким бахшад ва онҳоро аз тариқи ҳамин пойгоҳи устувори тақво ба сўи худопарастӣ, риояи одоб ва аҳкоми ибодатҳо ва ба роҳ мондани назми зебои иҷтимоӣ бикашонад. Зеро танҳо тақво аст, ки дилҳоро бедор ва пўё месозад ва ба одам каромат ва шахсият мебахшад.
Ҳадафи аслии барномаи ибодатҳо дар Ислом ба вуҷуд овардани пойгоҳи тақво ва таҳкими пояҳои виҷдони худошиносона дар қалби одамӣ мебошад ва аз тариқи ин нерўи маърифатӣ мардумро ба сўи татбиқи дурусти барномаҳои ҳаётӣ мекашонад, на ба василаи занҷирҳои ҷаҳлу нодонӣ ва бофтаҳои хурофотӣ.
Худованд ояти фарзияти рўзаро бо хитоб ба мўъминони аҳли маърифат «ё айюҳа-л-лазина оманў» (эй касоне, ки имон овардаед) шурўъ ва бо «лаъаллакум таттақун» ва «лаъаллакум ташкурун» хотима додааст ва дар миёнаи он ду қисмат «кутиба ъалайкуму-с-сиём»- ро қарор додааст. Ин ба он маъно аст, ки: Эй мўъминони бомаърифат! Рўзаи моҳи Рамазон бар шумо фарз гардонида шуд, то дар расидан ба тақвои илоҳӣ шуморо ёрӣ ва қувват бахшад.
Дар ин ҷо чӣ тавре мебинем, Худованд хитоби худро бо садои ширини: «Эй аҳли имон» оғоз ва бо хулосаи матлуб ва бо зеботарин меваи имон, яъне тақво хотима додааст. Тақво рўҳи имон ва сирри саодати инсон аст.
Вақте сухан аз имон ва тақво ба миён омадааст, ин худ бо сароҳат гўёи он аст, ки рўза танҳо дар худдории одам аз хўрдану нўшидан ва наздикии заношавҳарӣ хулоса намегардад, балки худдорӣ аз тамоми кирдору гуфторе, ки бо ҳақиқати имон, рўҳи фазилату тақво ва муроқабати Худованд мухолиф ҳастанд, ҳадафи аслии рўзаро ташкил медиҳад.

Бар ҳамин асос, рўзадороне, ки аз ғайри Худованд тарсу ҳарос ва ё умед дошта бошанд ва ё дар фикри содир намудани гуноҳе ва ё ҷинояте бошанд ва ё бар зидди арзишҳои дини Худо ва аҳли имон мубориза баранд ва даст ба фитнаву фасод зананд, рўзаи онҳо беҳосил ва бемаъност.

пешина
аз 190
навбатӣ